расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Бародарзодаи Қоҳир Расулзода муовини раиси Суғд шуд

. / Сиёсат

Бародарзодаи Қоҳир Расулзода муовини раиси Суғд шуд

Зарифӣ аз ҷумлаи раисони хабарсоз дар вилояти Суғд буд.

Зариф Назирӣ
Зариф Назирӣ, бародарзодаи сарвазири Тоҷикистон, ки то ин дам раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд буд, акнун муовини раиси ин вилоят таъин шуд. Ӯ дар ин мақом ба ҷойи Рустам Каримзода омад.
Дар сайти Президенти Тоҷикистон дар мавриди ин тағйирот гуфта шудааст:
“Мутобиқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳалли ҳокимияти давлатӣ» Каримзода Рустам Раҳим аз вазифаи муовини раиси вилояти Суғд озод ва Назирӣ Зариф Вализода муовини раиси вилояти Суғд таъин гардид”.
Ҳамчунин бо як қарори дигари ҳукумат Нусратулло Асрорзода директори иҷроияи «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика» таъин шуд.
Имрӯз дар идомаи тағйироти раисону шаҳру ноҳияҳо Президенти инчунин раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои дигари вилояти Суғдро низ барканору таъин намуд.
Тибқи фармонҳои нав ба ҷойи Зариф Назирӣ Зафарбек Давлатзода, ки то ин дам раиси шаҳри Конибодом буд, таъин шудааст.
Президенти Тоҷикистон Абдусалом Тӯхтасунзодаро иҷрокунандаи раиси шаҳри Конибодом таъин кардааст. Акрамзода Баҳодур раиси ноҳияи Шаҳристон таъин шуд, ки раиси пешини ин ноҳия акнун раиси ноҳияи Деваштич таъин шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.