расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Идомаи тағйироти кадрӣ: раиси Кумитаи сайёҳӣ, муовинони раиси Хатлон...

. / Сиёсат

Идомаи тағйироти кадрӣ: раиси Кумитаи сайёҳӣ, муовинони раиси Хатлон...

Тағйироти кадрӣ 3-юми ноябр оғоз шуд, ки бархе аъзои кобинаи ҳукумат нав шуданд.

Тоҷиддин Ҷӯразода, раиси нави Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон
Бар пайи тағйироти шоми 3-юми ноябр Ҷӯразода Тоҷиддин, ки то ин дам муовини вазири рушди иқтисод ва савдо буд, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.
Шоимзода Ҷамшед Шодӣ аз вазифаи муовини Вазири энергетика ва захираҳои об озод ва мақоми муовини аввали вазирро дар ин вазорат ба даст овард. 
Исматуллозода Ширин Исматулло, ки дар моҳи март имсол муовини сарвазир таъин шуда буд, аз мақомаш барканор шуд. Ҳарчанд дар матни фармони барканорияш "бо сабаби ба кори дигар гузаштан" гуфта мешавад, вале то кунун ба ҳеч мансабе таъин нашудааст. Ҳамчунин Ҷабборзода Гулрӯ, ки низ аз мақоми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ  озод карда шуд, мақоми наве нагирифтааст.

Назарзода Назар Раҷаб муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд, ки то ин дам мудири иҷроияи Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика» буд. 
Салимзода Амонулло Файзулло, ки вазири кишоварзии Тоҷикистон буд, акнун корашро дар мақоми муовини аввали раиси вилояти Хатлон идома медиҳад. Файзуллозода Заробиддин Қудрат низ муовини раиси вилояти Хатлон шуд, ки то ин дам вазири саноат ва технологияҳои нав буд. 
Дар ҳукумати вилояти Хатлон Исмоилзода Абдуалим аз вазифаи муовини якум ва Зоҳирзода Умед аз вазифаи муовини раиси вилояти Хатлон озод карда шуданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.