расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Президенти кишвар наҷотбахши миллат ва ғамхори ятимон

Сиёсат / Ҷомеа

Президенти кишвар наҷотбахши миллат ва ғамхори ятимон

1127
12- сентябри соли 2020 дар ш. Панҷакент ҳангоми сафари хизматии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ширкат дар ҷашни 5500-солагии Саразм ва ифтитоҳ намудани як қатор иншоотҳои ҷашнӣ ҳодисае рух дод, ки ҷомеаро ба ваҷд овард. Духтари наврасе бо арзи дардноки худ ба назди Президенти кишвар бо умед давид. Фикр мекунем, ки ӯ бо дили пур аз ҳалли мусбии мушкилии худ медавид. Шояд Хосият аниқ медонист, ки Пешвои муаззами миллат ҳатман дарди ӯро гӯш мекунанд. Ва ӯ дар ин боварии худ хатто накард. Ин марди наҷиб, қаҳрамон ва ифтихори миллати тоҷик бо муносибати худ нисбати ин наврас як бори дигар исбот карданд, ки ғамхори халқи худ мебошанд. Дар расонаҳо ин ҳодиса тез паҳн ёфта, мавриди муҳокимаи одамон гардид. Дар расонаҳои иҷтимоӣ фикрҳои мухталиф баён шуд. Ин ҳам аломати он аст, ки Тоҷикистон давлати демократӣ аст, зеро ҳар як шахс метавонад фикри худро баён созад. 
Ногуфта намонад, ки 12 сентябр мардуми ш. Панҷакент шоҳиди он гаштанд, ки Президенти кишвар новобаста аз ҷой, шароит ва зарурияти таъмини бехатарӣ ҳама вақт бо халқи худ буда, тайёр ҳастанд, ки муроҷиати дилхоҳ шахсро гӯш намояд.
Мо, боварии комил доштем, ки акнун мушкилии ин наврас ҳатман ҳалли худро меёбад, зеро мавриди омӯзишу баррасии Президенти мамлакат қарор ёфт. Чӣ тавре, ки маълум гашт, тибқи дастури Пешвои миллат роҳбарону масъулини шаҳри Панҷакент арзи ӯро мусбӣ ҳаллу фасл карда истода, дар ин самт, аллакай, чораҳои аввала андешидаанд.
Ин ҳодиса шаҳодати он аст, ки Пешвои муаззами миллат бо сиёсати ободкоронаю хайрхоҳонаи худ ба бунёд ва пойдории давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистон шароит фароҳам карда истодаанд. Боиси ифтихор аст, ки Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷаҳду талошҳои пайвастаашон гуфтаҳои худ, мақсадҳои дар назди худ гузоштаашонро содиқона ва собитқадамона амалӣ карда истодааст.
Дар қатори хусусиятҳои муҳими сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инҳоро қайд кардан зарур аст :
- фароҳам овардани фазои мӯътадил дар ҷомеа барои рушди ояндаи он;
- ҷонибдории арзишҳои демократӣ бо назардошти фарҳанг ва психологияи миллӣ;
- давра ба давра кам намудани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар;
- ҳимояи қишрҳои камбизоати ҷомеа ва ғамхорӣ дар ҳаққи он;
- танзими оила ва ҳимояи иҷтимоии он аз ҷониби давлат.
Ифтихор аз он мекунем, ки бо ин Шахси наҷиб, Сиёсатмадори шуҷоъ, хирадманд, донишманд, Қаҳрамон, Наҷотбахши миллат дар як давру замон ҳаёт ба сар мебарем!

номзади илмҳои иқтисодӣ Боқиева Умеда

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.