расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Иноятзодаро барои "порагирӣ" муҳокима мекунанд. Иттиҳоми дузанагӣ тасдиқ нашудааст

. / Сиёсат

Иноятзодаро барои "порагирӣ" муҳокима мекунанд. Иттиҳоми дузанагӣ тасдиқ нашудааст

Додгоҳи вилояти Хатлон ба баррасии парвандаи Баҳром Иноятзода, раиси пешини шаҳри Кӯлоб, оғоз кардааст.
ро моҳи июни имсол бо гумони гирифтани "пора" ё ришва дастгир карданд. Мақомоти тафтишотӣ гуфта буданд, иттиҳоми дузанагӣ, суистифода аз мақому ваколатҳои хидматӣ низ барои тафтиш вориди парванда шудаанд.
Як манбаъ дар Додгоҳи вилояти Хатлон рӯзи 16-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, "иттиҳоми дузанагӣ ҳангоми таҳқиқ тасдиқи худро наёфт" ва парванда бо айби гирифтани "пора" ё ришва, суистифода аз ваколатҳои хидматӣ ба манфиати шахсӣ барои баррасӣ ба додгоҳ расидааст.
"Мурофиаи аввал гузашт. Шоҳидон даъват шуданд ва бо айбдоршаванда рӯ ба рӯ гардиданд. Додрас бо дарназардошти ҳама паҳлӯҳо парвандаро баррасӣ мекунад", -- гуфт мусоҳиби мо.
Пайвандони Баҳром Инотязода, ки аз замони боздошт ӯро надида буданд ва аз вазъи саломатиаш нигаронӣ мекарданд, бори аввал дар толори додгоҳ бо ӯ вохӯрдаанд. Муҳаббат Иззатова, хоҳари Иноятов, рӯзи 16-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, вазъи саломати бародараш хуб ба назар мерасид.
Замони боздошт Иноятзода бо гумони мубтало шудан ба коронавирус дар бемористон бистарӣ шуд ва ду моҳ пеш бо нишони эътироз се рӯз даст ба гуруснанишинӣ зада буд.
"Саломатиаш хуб буд. Ба суолҳои додрас пурра ва бо далел ҷавоб дод. Моро ҳам роҳ доданд. Ба бегуноҳиаш бовар дорад", -- гуфт Муҳаббат Иззатова.
Хоҳари шаҳрдори собиқ гуфт, иттиҳоми дузанагӣ дар додгоҳ баррасӣ нашудааст ва илова кард, ки "бародарам бо се хонум издивоҷ карда буд, аммо ҳеч гоҳ бо ду нафар дар як вақт зиндагӣ накардааст. Соҳиби фарзанд нашуд ва аз ҳамсарони пешинааш ҷудо шуд. Ин занаш соҳиби фарзанд шуд ва бо ҳамин дигар издивоҷ накард."
Парвандаи раиси пешини шаҳри Кӯлобро муфаттишони Додситонии вилояти Хатлон таҳқиқ кардаанд. Иттиҳоми аввал ин буд, ки гуё ӯ барои додани қитъаи замин ба сокинон 400 ҳазор сомониро ҳамчун “пора” ё ришва гирифтааст. Пайвандонаш мегӯянд, ӯ гуноҳ надорад.
Абдураҳим Раҳимзода, додситони вилояти Хатлон, рӯзи 16-уми июл ҳангоми нишасти хабарӣ гуфта буд, шаҳрдори собиқи Кӯлоб дар 12 ҳолат барои ҷудо кардани қитъаи замин "пора" талаб кардааст.
Ба гуфтаи додситон, нисбат ба Баҳром Иноятзода бо қисми 4-и моддаи 319-и Кодекси ҷиноӣ ё гирифтани ришва дар ҳаҷми калон ва аз ҷониби роҳбари мақомоти маҳаллӣ парванда кушода шудааст. Дар сурати тасдиқи ин иттиҳом ба Иноятзода то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.
Додситони кулли Тоҷикистон ҳам гуфта буд, Баҳром Иноятзода барои "маҳз дағалона вайрон кардани талаботи қонунгузории замин" ба ҷавобгарӣ кашида шудааст.
Баҳром Иноятзода дар гузашта раиси шаҳри Истаравшан ва вакили Маҷлиси Миллӣ буд ва моҳи майи соли гузашта раиси шаҳри Кӯлоб таъйин шуд. Номи ӯ дар моҳи феврали соли равон, замоне пурсарусадо шуд, ки моликони ширкати "Комил-2010", мансуб ба писари Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа ва қудои президенти Тоҷикистонро танқид кард.
Иноятзода аз камтарин роҳбарони шаҳру ноҳияҳо аст, ки дар замони сари кор буданаш дастгир мешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.