расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Боздошти ҷосуси собиқи Амрико бо иттиҳоми ҷосусӣ барои Чин

Сиёсат / Ҷомеа / Ҷаҳон

Боздошти ҷосуси собиқи Амрико бо иттиҳоми ҷосусӣ барои Чин


Вазорати адлияи Амрико гуфт, як афсари собиқи Хадамоти Истихборотии Амрико ва ё CIA-ро бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Чин дастгир кардаанд. Дар сурати собит шудани иттиҳом, мумкин аст, Александр Йук Чинг Маи 67-соларо ба зиндони якумрӣ маҳкум кунанд.


Вазорат рӯзи 17-уми август бо нашри баёнияи расмӣ гуфт, афсари собиқ ҳамроҳ бо як хеш ва ӯ ҳам афсари собиқи Хадамоти Истихборотии Амрико якҷоя муомила карда ва иттилооти сиррии дифоии Амрикоро ба ҷосусони Чин додаанд.

Қарор аст, Александр Ма рӯзи 18-уми август дар додгоҳе дар Ҳавайӣ барои эълони иттиҳом ҳозир шавад. Додситони шаҳр Кенҷи Прайс рӯзи 17-уми август дар як нишасти хабарӣ гуфт, амалҳои ғайриқонунии Александр Ма хиёнат ба Иёлоти Муттаҳида аст.

Ӯ афзуд, "онҳое, ки иттилооти махфиро ба Ҷумҳурии Мардумии Чин медиҳанд, аз дасти дарози қонун халос намешаванд."

Александр Ма, шаҳрванди Амрико, ки дар Ҳонг Конг ба дунё омадааст, аз соли 1982 дар Хадамоти Истихборотии Амрико кор карда ва аз тарафи тамоми мақомоти амниятӣ иҷозаи кор дар ин ниҳоди муҳими ҷосусиро гирифта будааст.

Ба гуфтаи додситонҳо, Александр Ма соли 1989 аз Хадамоти Истихборотии Амрико рафта, дар шаҳри Шанхайи Чин зиндагиву кор кардааст.

Ӯ соли 2001 ба Ҳавайӣ баргаштааст. Вазорати адлияи Амрико гуфт, аз ҳамон сол Александр Ма ва хеши ӯ иттилоотро дар бораи кормандон, фаъолият ва усулҳои пинҳон доштани иртибот ба Хадамоти истихборотии Чин додаанд.

Дар баёния мулоқоти серӯза ва дар видео сабтшудаи Александр Ма дар Ҳонг Конгро тасвир кардаанд, ки нишон медиҳад, муттаҳам ба ҷиноят 55 ҳазор доллареро ҳисоб мекунад, ки барои асрори фурӯхтаи ӯву хешовандаш додаанд.

Додситонҳо гуфтанд, хешованди Александр Ма, ки бо ӯ ҳамкорӣ доштааст, соли 1983 аз Хадамоти Истихборотии Амрико рафтааст ва чанде баъд барои мусоидат ба вуруди ғайриқонунии шаҳрвандони Чин ба Амрико муттаҳам шудааст.

Ин фардро, ки ҳоло 85-сола будааст, бинобар "бемории сахт ва заифкунандаи ақл" дар парвандаи ҷиноӣ ҳамроҳ накардааанд. Санадҳои додгоҳӣ нишон додаанд, ки Александр Ма баъди кӯч бастан ба Ҳавайӣ дар Хадамоти Федеролии Таҳқиқоти Амрико ба ҳайси забоншинос кор кардааст, то аз ин васила ба асрори ҳукумати Амрико даст ёбад ва онҳоро ба ҷосусони Чин бидиҳад.

Ба гуфтаи додситонҳо, Александр Ма замони оғози кораш дар Хадамоти Федеролии Таҳқиқот ва ё FBI аз соли 2004 бо истифода аз компютери кориаш аксу санадҳо доир ба технологияҳои мушак ва аслиҳасозиро нусха гирифтааст. Дар санадҳои додгоҳ омадааст, ки ӯ ҳамчунин аксбардори рақамии худро ба утоқҳои муҳофизатшудаи FBI оварда, санадҳои тарҷумашуда ва санадҳоро акс гирифта ва ба Осиё бурдааст.

Вазорати адлияи Амрико гуфт, Александр Ма соли 2019 ба як маъмури махфии FBI иқрор шудааст, ки ҷосусӣ мекунад ва барои ёриҳояш ба Чин 2 ҳазор доллар “ҳадяи хурде” гирифтааст. Ӯ он замон гуфтааст, ки омода аст, барои Хадамоти ҷосусии Чин кор кунад. Ба гуфтаи вазорати адлия, баъди гирифтани пул аз маъмури махфии FBI ӯ гуфтааст, ки мехоҳад, “ватани модариаш муввафақ бошад”.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.