расонаи иттилии - Ориён » . » Президент » ГЕНЕРАЛ СУЛАЙМОНБЕКОВ: АТРОФИ ПРЕЗИДЕНТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОНРО МАҲКАМ ПЕЧОНДААНД

. / Президент

ГЕНЕРАЛ СУЛАЙМОНБЕКОВ: АТРОФИ ПРЕЗИДЕНТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОНРО МАҲКАМ ПЕЧОНДААНД

Аноятбек Сулаймонбеков, генерал-майори амният (собиқ муовини фармондеҳи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон) дар як матлаби муштаракаш бо рӯзноманигор Абдураззоқ Саидки аз шумораҳои пешини "Имрӯз-News дар ин нашрия чоп мешавадаз бидуни протокол ва мувофиқаи пешакӣ роҳ наёфтан ба суҳбати президент Эмомалӣ Раҳмон изҳори таассуф кардааст.
Ин муаллифон дар шумораи рӯзи 23-юми сентябри ин рӯзномаменависанд, ки "мегӯянд, ҳатто ҳамон шахсоне ҳам, гӯё ки дар хиёбонҳо ва ё дар бӯстонсаро, иттифоқан ва тасодуфан аз сари роҳи Пешвои миллат мебароянду роҳбар онҳоро аҳволпурсӣ мекунад ва ба онҳо вориди тамос мегардад ва ё онҳое, ки дар маҷлисҳову анҷуманҳо ва вохӯриҳои умумимиллӣ аз миёни издиҳом ҷаста баромада, микрофонро дар даст мегиранд, моҳҳо қабл омода карда мешаванд ва матни суҳбату суханрониҳояшонро рӯзҳову ҳафтаҳо аз коғаз хонда, аз ёд кардаанд”.
Ин генерали амният навиштааст, ки "пеши роҳи шахсони алоҳидаи арзандатар ба ин тамосҳову ин суҳбатҳо бо роҳбар хеле ҷиддӣ ва сахту маҳкам гирифта мешавад”. Ин муаллифон бо нигаронӣ навиштаанд, ки таҷриба нишон додааст, ки дар даҳсолаҳои аввал беҳтарину арзандатарин кадрҳои мо маҳз дар ҳамин гуна суҳбатҳо бо Президенти кишвар рӯйи кор омада буданд.
Манбаъ: https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/politics/20200924/generali-amniyati-toikiston-alae-ki-prezidentro-pechondaast-kistand


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.