расонаи иттилии - Ориён » . » Президент » ФАВРӢ: БАРКАНОРИИ РАИСИ “БАРҚИ ТОҶИК”, МУОВИНИ АВВАЛИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ВА РАИСОНИ ҲИСОРУ ВАҲДАТ ВА РОҒУН (6 АКС)

Президент / Сиёсат / Ҷомеа

ФАВРӢ: БАРКАНОРИИ РАИСИ “БАРҚИ ТОҶИК”, МУОВИНИ АВВАЛИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ВА РАИСОНИ ҲИСОРУ ВАҲДАТ ВА РОҒУН (6 АКС)

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод, ки президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 27 январ “бо натиҷагирӣ аз фаъолияти роҳбарони вазорату идораҳо, сохторҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ” дар ҳайати роҳбарии як идда аз ниҳодҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал овард.  Бино ба иттилоияи расмӣ, Қурбонзода Амирхон, ки то имрӯз дар вазифаи муовини якуми раиси шаҳри Душанбе фаъолият дошт, ба вазифаи муовини раиси вилояти Хатлон таъин шуда, бо қарори ҳукумат Табарзода Ҷамшед аз вазифаи Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» озод ва ба вазифаи муовини якуми раиси шаҳри Душанбе таъин гардидааст.
Хадамоти матбуоти президент хабар дод, ки ҳамин тавр, бо фармонҳои президент, раиси ширкати “Барқи Тоҷик” Мирзо Исмоилзода, раиси Маркази таҳқиқоти стратегӣ Ҷамшед Зиёӣ,  раиси Кумитаи рушди маҳал Қосим Роҳбар, раиси шаҳри Ваҳдат Раҳмоналӣ Амирзода, раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода ва раиси шаҳри Роғун Музаффар Сулаймонзода (Абдиев)  барканор карда шудаанд. Хадамоти матбуот аммо исми кадрҳои ба ҷои онҳо таъйиншударо ҳанӯз нашр накарда, танҳо гуфтааст, ки , ба ҷои онҳо “кадрҳои соҳибтаҷрибаву кордон” таъйин шуданд.
Хадамоти матбуоти президент аммо ишора кардааст, ки нафарони барканоршуда ба далели “камбудиҳову норасоиҳо” сабукдӯш шудаанд ва Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кадрҳои навтаъйин “аз камбудиву норасоиҳои ҷойдошта дар фаъолияти ҳар як мақоми зикргардида бо таҳлилҳои мушаххас мисол оварда, таъкид намуданд, ки камбудиҳои ҷойдошта дар муҳлатҳои кутоҳтарин бартараф карда шаванд ва аз натиҷааш ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд.”
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз кадрҳои нав хостааст, ки “ба кор бо ҳисси баланди масъулияти роҳбарӣ муносибат намоянд ва барои ҳалли мушкилоту монеаи пешрафти соҳаҳои вобастагардида манфиатҳои давлату миллатро аз дигар манфиатҳо болотар гузошта, бо дасту дили пок ва қобилияти хуби ташкилотчигӣ ба нафъи мардум хизмат намоянд.”
Тағйироти кадрӣ дар ҳукумати Тоҷикистон ду рӯз боз идома дорад. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26 январ Сулаймон Зиёзодаро муовини сарвазир ва Саъдӣ Каримзодаро ба ҷои ӯ вазири кишоварзӣ таъйин карда, ҳамчунин раисони нави шаҳрҳои Бӯстону Гулистон ва ноҳияи Аштро таъйин кард.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.