расонаи иттилии - Ориён » . » Президент » ВКХ Русия идеяи Раҳмон дар бораи "камарбанди амниятӣ" дар атрофи Афғонистонро арзёбӣ кард

Президент / Сиёсат

ВКХ Русия идеяи Раҳмон дар бораи "камарбанди амниятӣ" дар атрофи Афғонистонро арзёбӣ кард

Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Русия пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар бораи таҳкими ҳифзи марз бо Афғонистонро шарҳ дод.

Механизмҳои ҳифзи марзҳои ҷанубии СПАД таҳия мешаванд.

Дар ин бора Мария Захарова, намояндаи расмии вазорати хориҷаи Русия зимни шарҳи пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар бораи эҷоди «камарбанди амниятӣ» дар атрофи Афғонистон изҳор дошт.

Президенти Тоҷикистон ин идеяро дар чаҳорчӯби ширкаташ дар нишасти онлайнии СПАД, ки рӯзи 10 январ ба далели ташдиди вазъ дар Қазоқистон баргузор шуд, ироа кард.

«Бо пешниҳоди шарикони тоҷики мо механизмҳои таъмини ҳифзи боэътимоди марзҳои ҷанубии СПАД таҳия мешаванд», — гуфт Захарова зимни брифинги ҳафтаинааш.

Ба гуфтаи вай, дар ин замина масъалаи баргузории тамринҳои муштарак бо нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон баррасӣ мешавад.
Ҳамчунин дар назар аст, ки ба ҷумҳурии Осиёи Марказӣ барои таҳкими қитъаҳои кӯҳистонии душворгузари марзи Тоҷикистону Афғонистон кумак расонда шавад.

Сарчашма:​sputnik-tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.