расонаи иттилии - Ориён » . » Президент » Бо фармони президент маош, нафақа ва стипендия зиёд мешавад

. / Президент

Бо фармони президент маош, нафақа ва стипендия зиёд мешавад

Раисҷумҳури Тоҷикистон бо судури фармон маоши кормандони давлатӣ, нафақаи пиронсолону маъюбон ва идрорпулии хонандагонро афзун намуд

Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Тоҷикистон маоши кормандони давлатӣ, нафақаи пиронсолону маъюбон ва идрорпулии хонандагонро зиёд мекунад.

Фармони афзун шудани маошу нафақа ва стипендияи донишҷӯёнро 13 январ, раисҷумҳури Тоҷикистон ба имзо расонд ва хадамоти президенти кишвар матни онро нашр кардааст.

Манбаъ меафзояд, сар аз якуми январи соли ҷорӣ маоши хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шавад.

Ҳамзамон, бо фармони роҳбари давлат аз якуми июли соли равон маоши кормандони тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ ба андозаи 600 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.

Ҳамзамон маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм (ба истиснои кормандони раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он), фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилотҳои буҷетӣ 20 фоиз зиёд карда мешавад.

Маоши вазифавии кормандони ҳайати техникӣ ва хизматрасони мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти судӣ, прокуратура ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, низ ба андозаи 20 фоиз зиёд карда мешавад.

Тибқи фармон стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия, аз ҷумла стипендияҳои президентӣ (ба ғайр аз курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шудандю

Ҳамзамон андозаи нафақаи амалкунандаи нафақагирони ятим ва ноболиғон, ки бинобар маҳрум шудан аз саробон ба онҳо дар асоси Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Тоҷикистон» ва Қонуни кишвар «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» нафақа таъин ва пардохт мегардад, ба андозаи 25 фоиз аз андозаи ҳадди ақалли нафақаи аз рӯи синну сол муқарраргардида зиёд карда шуд.


Сарчашма:​sputnik-tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.