расонаи иттилии - Ориён » . » Президент » ВИДЕО+61 АКС: ИФТИТОҲИ МАМНӮЪГОҲИ “ҚУЛЛАҲОИ ТОҶИК” ДАР ҲИСОР

Президент / Ҷомеа

ВИДЕО+61 АКС: ИФТИТОҲИ МАМНӮЪГОҲИ “ҚУЛЛАҲОИ ТОҶИК” ДАР ҲИСОР

Рӯзи 7 декабр дар ҳузури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳисор расми ифтитоҳи мамнӯъгоҳи ҳайвоноту парандаҳои нодири ҷамъияти саҳомии «Қуллаҳои Тоҷик»  доир шуд.
Ин мамнӯъгоҳ дар талу теппаҳо ва кӯҳҳои Ҳисор дар майдони беш аз 4 ҳазор гектар замин доман густурда,  дар ҳудуди он беш аз 400 000 бех ниҳолҳои гуногуни мевадиҳанда, сояафкан, ороишӣ ва гулҳо, ҳамчунин зиёда аз 1 миллион бех ниҳоли пистаи маҳаллӣ шинонданд, ки бино ба гузориши хадамоти матбуоти президент, ин тадбир дар таърихи кишвар бесобиқа мебошад.
Дар ҳудуди мамнӯъгоҳ, инчунин, дар майдони 13 гектар парваришгоҳи ниҳол бунёд гардида, парвариши оҳуи бухороӣ ва холдор васеъ ба роҳ монда шудааст. Инчунин, аз хориҷи кишвар аввалин бор ба Тоҷикистон оҳуҳои намуди «морал», «сурх», «наҷиб», «лан» ва бузҳои навъи «алпӣ» ва «муфлон» ворид карда шудаанд. Дар айни замон  гуфтушунидаҳо барои  овардани «бизони амрикоӣ» идома доранд.
Дар мамнӯъгоҳи мазкур қариб 22 000 сар ҳайвоноту парандаҳои гуногун мавҷуданд, ки қисме аз онҳо маҳаллӣ ва қисми дигарашон аз давлатҳои Русия, Полша, Фаронса, Беларус ва дигар кишварҳои Аврупо ворид карда шудаанд.
Аз ҷумла бедонаи маҳаллӣ ва хориҷӣ, кабки фаронсавӣ, намудҳои гуногуни харгӯш, тазарви фаронсавӣ, шутурмурғ, мурғи марҷони маҳаллӣ, русиву фаронсавӣ, оҳу ва ғайраҳо.
Дар ин мамнӯъгоҳ намудҳои гуногуни мурғи тазарв, ки аз ҷумлаи парандаҳои нодири табиати Тоҷикистон ба шумор меравад, парвариш меёбад.
Ҳамчунин, дар ин мавзеъ  бинои инкубатсионӣ ва 4 ҳавзи моҳипарварӣ сохта  шудааст.
Бо мақсади аз боронҳои шадид, барф ва дигар ҳодисаҳои табиӣ эмин нигоҳ доштани ҳайвоноту парандаҳо дар ҳудуди минтақа 13 бинои махсус, аз ҷумла қафасҳо (волйерҳо) бунёд шудааст.
Айни ҳол дар қафасҳои мамнӯъгоҳи ҳайвоноту парандаҳои Ҷамъияти саҳомии «Қуллаҳои Тоҷик» кабкҳо, намудҳои мухталифи харгӯш, тазарв, шутурмурғ, мурғҳои марҷон ва оҳуҳои гуногун дар карантин нигоҳ дошта шуда, баъди муҳлати муайян онҳо ба хотири афзоиши саршумор дар ҳудуди заминҳои парваришгоҳ сар дода мешаванд. 
Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали шаҳри Ҳисор соли 1993 ташкил шуда, аз 3 минтақаи ҷангалпарварӣ – Алмосӣ, Шарра ва Чанор иборат буда, заминҳои фонди давлатии ҷангал 1994 гектарро ташкил медиҳанд. Дар хоҷагии ҷангали шаҳри Ҳисор намудҳои гуногуни ниҳолҳо, аз ҷумла, арчаи зарафшонӣ, фарк, заранг, бодоми талхдона, себи кӯҳӣ, дӯлона ва дигар намудҳои ниҳолҳо мерӯянд. Ҳамчунин, дар ин ҷо намудҳои мухталифи ҳайвоноти ваҳшӣ, аз қабили хирс, гург, рӯбоҳ, ҷайра ва дигар ҳайвоноту парандаҳо сукунат доранд.
Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Шаҳринав соли 1947 таъсис ёфта, аз 2 минтақаи ҷангалпарварӣ – Селбурсой ва Регар иборат аст ва масоҳаташ 1019 гектарро ташкил медиҳад.
Дар ин хоҷагӣ мурғи ҳилол, кабк, мурғобӣ, тазарв ва дигар намудҳои ҳайвоноту парандаҳо мавҷудаанд.
Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали «Қаратоғ»-и шаҳри Турсунзода соли 1988 ташкил шуда,  масоҳати заминҳояш 456 ҳазор гектарро ташкил медиҳад, ки аз 3 то 5 фоиз ҷангалпӯш мебошанд.
Соли 2021 аз ҷониби коргарони хоҷагӣ 7 гектар ҷангали нав бунёд шуда, 30 гектар ҷангал барқарор гардидааст. Дар хоҷагии ҷангал ниҳолҳои хуч, акатсия, қарағоч, санавбар, олучаи кӯҳӣ ва дигар намуди ниҳолҳо мерӯянд. Саршумори оҳуи хоҷагӣ 321 сарро ташкил медиҳад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.