расонаи иттилии - Ориён » . » Президент » Президент кадрҳои Кумитаи меъмориро ҷобаҷо кард:

. / Президент

Президент кадрҳои Кумитаи меъмориро ҷобаҷо кард:

Раисҷумҳури Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон бо судури чанд қарор кадрҳои Кумитаи меъморӣ ва сохтмонро ҷобаҷо кард

Дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон тағйироти кадрӣ сурат гирифт, хабар медиҳад дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон сардори Хадамоти давлатии меъморӣ ва сохтмогни кумитаи мазкурро Абдураҳимзода Парвиз Абдураҳим таъйин кард.

Ҳамзамон бо қарори дигари президент, Абдурасулзода Шаҳриёр Абдурасул, сардори Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмон интихоб шуд.

Илова бар ин, ба курсии сардори Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии лоиҳаҳои сохтмонии кумитаи мазку, Ашурзода Бахтиёр Саидқул такя зад.

Манбаъ меафзояд, бо қарори дигари Эмомалӣ Раҳмон, Нуруллозода Сафарбек Нурулло, директори Маркази татбиқи лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди Шоҳон-Зиғар» таъйин гардид.

Гуфта мешавад, роҳбари давлат бо кадрҳои таъйиннамуда дар бинои Қасри миллат мулоқот кард ва онҳоро ба донишомӯзӣ талқин карду гуфт, бо истифода аз технологияҳои муосир сатҳи дониши тахассусии худро баланд бардоранд.

Президент аз онҳо аз ҷумла талаб намуд, ки содиқова ва поквиҷдонона ба халқу ватан ва ба нафъи миллат хидмат намоянд.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.