расонаи иттилии - Ориён » . » Президент » ЯК ҶАВОНИ 30-СОЛА АЗ ХОРУҒ НОМЗАДИАШРО БА ПРЕЗИДЕНТИИ ТОҶИКИСТОН ПЕШБАРӢ КАРД (ВИДЕО)

Президент / Ҷомеа

ЯК ҶАВОНИ 30-СОЛА АЗ ХОРУҒ НОМЗАДИАШРО БА ПРЕЗИДЕНТИИ ТОҶИКИСТОН ПЕШБАРӢ КАРД (ВИДЕО)

Иргашов Фаромӯз Иргашович, як адвокати 30-сола аз шаҳри Хоруғ рӯзи 2 сентябр бо нашри як муроҷиатномаи видеоӣ дар Ютуб эълон кард, ки мехоҳад номзадиашро тариқи худпешбарӣ ба интихоботи президентии Тоҷикистон пешбарӣ кунад. Иргашов гуфт, поймол кардани ҳуқуқи шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ӯро водор сохт, ки барои ҳимоят аз ҳуқуқи мардум ва решакан кардани зулму ситам дастбакор шавад ва номзадиашро пешбарӣ кунад.
Фаромӯз Иргашов дар муроҷиатномааш мегӯяд:
"Ҳамватанони гиромӣ!
Ман, Иргашов Аббос Иргашович, 2 апрели соли 1990 дар шаҳри Хоруғ таваллуд шудаам. Соли 2008 мактаби миёнаи №6-и шаҳри Хоруғро хатм намудам ва моҳи августи соли 2008 ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон дохил шуда, соли 2013 хатм кардам. Баъди хатми донишгоҳ аз моҳи августи соли 2013 фаъолияти касбиамро ба ҳайси ҳимоячӣ оғоз намуда, барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон дар мақомоти иҷроия ва суд кору фаъолият намудам.
Дар тӯли 7 соли фаъолияти касбиам дар шаҳри Хоруғ ва дигар ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба беадолатӣ дар мурофиаҳои судӣ ва зулму ситам аз тарафи мақомоти қудратӣ нисбат ба шаҳрвандон, фасод дар хидмати давлатӣ, сӯиистифода аз мансаб ва табдил додани мақомоти давлатӣ аз тарафи хидматчиёни давлатӣ ба корхонаҳои шахсии худ дучор шудам.
Бино бар чунин ҳолати кор, ман тасмим гирифтам, дар интихоботи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи октябри соли ҷорӣ баргузор мегардад, иштирок намоям. Ва дар якҷоягӣ бо мардуми оддии Тоҷикистон ҳокимияти давлатиро аз чунин хидматчиёни давлатӣ, ки бо фасод сару кор доранд ва ҳокимиятро барои худ ҳамчун хонаи шахсӣ кардаанд, ягон касро ба дохилаш ҳатто даромадан намемонанд, ҳокимияти давлатиро бояд аз чунин одамон тоза намоем. Чунин хидматчиёни давлатӣ дар сохтори давлат бояд кор накунанд!”
Интихоботи навбатии президентии Тоҷикистон рӯзи 11 октябр баргузор мешавад. То имрӯз 7 нафар ҳамчун номзад ба президентӣ пешбарӣ шудаанд ваё аз азми худ барои ширкат дар интихобот дарак додаанд:
1.Рустам Латифзода, раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон
2.Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон
3.Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон
4.Рустам Раҳматзода, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон
5.Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ҳамчун номзад аз Федератсияи мустақили иттифоқҳои касаба ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
6.Иброҳимҷон Юсуфбеков аз Панҷакент, худпешбарӣ
7.Фаромӯз Иргашов, адвокат аз Хоруғ, худпешбарӣ.
                                                                                  

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.