расонаи иттилии - Ориён » . » Президент » Аз ВМКБ то Суғду Хатлон: Президент раисони 11 шаҳру навоҳиро таъйин кард

. / Президент

Аз ВМКБ то Суғду Хатлон: Президент раисони 11 шаҳру навоҳиро таъйин кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, роҳбарони 11 шаҳру навоҳии ҷумҳуриро барканору таъйин кард

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ВМКБ раисони нави ноҳияҳои Ванҷ ва Роштқалъаро таъйин кардааст.

Дар вилояти Хатлон роҳбарони шаҳрҳои Кӯлоб, Левакант, ноҳияҳои Восеъ, Фархор, Темурмалик, Балҷувон, Ҷайҳун, Носири Хусрав иваз гардиданд. Дар Суғд роҳбари ноҳияи Мастчоҳ таъйин гардид, хабар дод дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.

Манбаъ афзуд, ки бо қарори Ҳукумат Сафарзода Бахтиёр Ғанӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» шуд.

Инчунин пешниҳоди президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии кишвар дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии ҷумҳурӣ бозхонд намудани Ширинзода Эраҷ Сифот ирсол шудааст.

Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки дар мулоқот бо кадрҳои навтаъйин Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои ҳадафҳои созанда, аз қабили таъмини амнияти озуқаворӣ, татбиқи сиёсати аграрӣ, вусъати корҳои ободонӣ, истифодаи оқилонаи ҳар як порча замини корам ва заминҳои наздиҳавлигӣ, гирифтани ду се ҳосил аз заминҳои обӣ дастур додааст.

Рушди бахши кишоварзӣ, баланд бардоштани сифати маҳсулот, ҷалби сармояи хориҷию ватанӣ баҳри рушди соҳа, дастгирии соҳибкорӣ, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифати кишоварзӣ, рушди соҳаи агросаноатӣ, аз ҷумла тухмипарварӣ, зироатпарварӣ, чорводорӣ ва ғайра низ аз ҷумлаи супоришҳои раисҷумҳур бо роҳбарони навтаъйини шаҳру навоҳӣ арзёбӣ шуданд.

Сарсашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.