расонаи иттилии - Ориён » . » Президент » ЯГОНА ИНТРИГАИ ИНТИХОБОТ АЗ БАЙН РАФТ? ҲИЗБИ ҲОКИМ НИЗ ЭМОМАЛӢ РАҲМОНРО ПЕШБАРӢ КАРД

. / Президент

ЯГОНА ИНТРИГАИ ИНТИХОБОТ АЗ БАЙН РАФТ? ҲИЗБИ ҲОКИМ НИЗ ЭМОМАЛӢ РАҲМОНРО ПЕШБАРӢ КАРД

Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон рӯзи 3 сентябр дар анҷуманаш номзадии раиси ин ҳизб – президенти кунунӣ Эмомалӣ Раҳмонро ба интихоботи президентии рӯзи 11 октябр пешбарӣ кард. Анҷумани ҲХДТ, ба гуфтаи масъулонаш, бо ширкати беш аз 1000 вакил дар Кохи Борбад гузашт. Хабарнигорони расонаҳои ғайридавлатиро ба анҷуман роҳ надодаанд.
Ба ин тартиб, метавон гуфт, интригаи ягонаи интихоботи президентии 11 октябр аз байн рафт. То кунун ҳама ҳадс мезаданд, ки оё Эмомалӣ Раҳмон боз худаш барои дарёфти боз як давраи ҳафтсолаи раёсат ба интихобот меравад ваё писараш – шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалиро ба ҷои худ пешбарӣ хоҳад кард?
Рӯзи 26 август Федератсияи мустақили иттифоқҳои касаба ва рӯзи 31 август Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон (комсомоли собиқ) низ якдилона номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба президентӣ пешбарӣ карданд.
Аз субъектҳое, ки ҳаққи пешбарии номзад ба интихоботи 11 октябрро доранд, акнун танҳо ҳизби коммунист ва маҷлисҳои вакилони халқи се вилоят ва шаҳри Душанбе боқӣ мондаанд, ки метавонанд номзад пешбарӣ кунанд. Вале бо дарназардошти ҷавви ҳоким бар арсаи сиёсии Тоҷикистон гумон аст, ки кадоме аз ин субъект ба зидди маҷро рафта, ягон номзади дигари алтернативиро пешбарӣ кунад.
Интихоботи навбатии президентии Тоҷикистон рӯзи 11 октябр баргузор мешавад. То имрӯз 7 нафар ҳамчун номзад ба президентӣ пешбарӣ шудаанд:
1.Рустам Латифзода, раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон
2.Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон
3.Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон
4.Рустам Раҳматзода, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон
5.Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ҳамчун номзад аз Федератсияи мустақили иттифоқҳои касаба ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон.
6.Иброҳимҷон Юсуфбеков аз Панҷакент, худпешбарӣ
7.Ф.И. Иргашов ном як ҷавон аз Хоруғ, худпешбарӣ
Шӯрои сиёсии Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), ягона ҳизби оппозитсионии расман сабтиномшуда дар ин кишвар, рӯзи 31 август қарор кард, ки аз пешбарии номзадаш ба интихоботи президентии рӯзи 11 октябр худдорӣ мекунад ва ин интихоботро таҳрим (бойкот) мекунад.
Эмомалӣ Раҳмон 68 сол дошта, аз соли 1992, инак 28 сол боз бар Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад. Конститутсияи Тоҷикистон роҳбарии як нафарро бо ду давраи ҳафтсола маҳдуд кардааст, вале Эмомалӣ Раҳмон қаблан бо тағйири Конститутсия, ҳаққи роҳбарии худро то соли 2020 тамдид кард ва соли 2016 бо дарёфти мақоми Пешвои миллат ҳамчунин ҳаққи пешбарии бидуни маҳдудияташ ба президентиро низ ба даст овард.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.