расонаи иттилии - Ориён » . » Президент » Тағйироти кадрӣ дар ВКД: Эмомалӣ Раҳмон аз кадрҳои тозатаъйин чиро талаб кард

Президент / Сиёсат

Тағйироти кадрӣ дар ВКД: Эмомалӣ Раҳмон аз кадрҳои тозатаъйин чиро талаб кард

Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон дар пайи анҷом додани тағйироти кадрӣ дар Вазорати умури дохила низ кадрҳоро ҷобаҷо кард

Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Вазорати умури дохила тағйироти кадрӣ анҷом дод, хабар медиҳад дафтари матбуотии ин ниҳод.

Ба иттилои манбаъ, дар пайи тағйирот, сардори як раёсат ва роҳбарони 8 шӯъбаи ин ниҳод дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нав шуданд.

Аз ҷумлад дар ноҳияи Мурғоб сардори ШВКД Хайриддин Ҷаъфарзода, дар ноҳияи Рӯшон Умед Ҳамидзода ва дар ноҳияи Роштқалъа Саидҷаъфар Икромзода таъйин гардиданд.

Ҳамчунин, полковник Аскарҷон Абдурасулзода сардори Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилӣ ва сарҳангҳо Илҳом Ҷабборзода Саттор сардори шуъбаи № 2 ВКД дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Мирзо Фидозода сардори ШВКД Ёвон, Шоҳвалӣ Ташрифзода сардори ШВКД-и ноҳияи Ҳамадонӣ ва майорҳо Абдурауф Ғаффорзода сардори ШВКД-и ноҳияи Ҷомӣ вилояти Хатлон, Ғолиб Пирмуҳаммадзода сардори ШВКД дар хатти истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе таъйин шудаанд.

Манбаъ меафояд, Эмомалӣ Раҳмон ин кадрҳои тозатаъинро ба ҳузур пазируфтаву аз онҳо хостааст, ки «барои таъмини суботу амният, таҳкими волоияти қонун, мубориза алайҳи ҳамагуна ҷинояткорӣ, бахусус терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳо» талош кунанд.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.