расонаи иттилии - Ориён » . » Президент » БОРИ АВВАЛ БЕ ПЕШВОЗГИРИҲОИ ПУРДАБДАБА: САФАРИ ЭМОМАЛӢ БА ВОДИИ РАШТ (42 АКС)

. / Президент

БОРИ АВВАЛ БЕ ПЕШВОЗГИРИҲОИ ПУРДАБДАБА: САФАРИ ЭМОМАЛӢ БА ВОДИИ РАШТ (42 АКС)

Рӯзи 20 сентябр президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари расмӣ ба водии Рашт рафт.  Ӯ сафарашро аз боздид аз ноҳияи Сангвор (собиқ Тавилдара) оғоз карда, дар нимаи аввали рӯзи 20 сентябр дар маросими ифтитоҳи биноҳои нави дуқабатаи ҳукумат ва кумитаи иҷроияи ҳизби халқии демократии ин ноҳия ва меҳмонхонаи чорқабатаи “Таҳмина”, ки соҳибкор Мустафо Абдуллоев сохтааст, ҳамчунин дар маросими гузоштани санги асоси кӯдакистони “Калидчаи зарин” иштирок кард ва аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии ин минтақаи кӯҳистонӣ боздид карда ва бо роҳбарони ва фаъолони ноҳияи Сангвор мулоқот ва дар назди онҳо суханронӣ кардааст. Дар аксҳо дида мешавад, ки дар намоиши ҳунарҳои мардумӣ, таваҷҷуҳи Эмомалӣ Раҳмонро нонҳои чапотӣ ва кулчаҳои нақшини пухтаи як занги сангворӣ бештар ба худ ҷалб кардааст.
Аммо ончӣ, ки ҳадди ақал дар беш аз 40 акси дар нимаи аввали рӯзи 20 сентбяр нашркардаи хадамоти матбуоти президент ҷолиб ба назар мерасад, ин аст, ки ин сафари Эмомалӣ Раҳмон бори аввал дар тӯли солиёни зиёд бидуни пешвозгириҳои пурдабдаба ва ба пешвози ӯ қатор кардану суруд хондани духтаракҳо сурат мегирад.
Дар аксҳо зоҳиран махсус саҳни биноҳоеро, ки президент боздид мекард, сабт кардаанд ва дар ин аксҳо дида намешавад, ки духтаракҳои мактабхонро ба пешвози президент ҷамъ карда бошанд.
Як манбаи пойгоҳи хабарии “Бомдод” дар ҳукумати Тоҷикистон гуфт, мушовирони президент ҳанӯз вақти сафари ахири ӯ ба водии Суғд аз мақомоти маҳаллӣ хоста буданд, ки ягон хел пешвозгирии пурдабдаба ташкил накунанд.
“Дар ноҳияи Айнӣ духтарони пешвозгирро ҳатто хона ба хона ҷавоб ҳам дода буданд. Вале мақомоти Суғд зоҳиран дар ниҳоят тоқат накарданд ва ҳарчанд бо теъдоди камтар, вале боз ҳам шуморе аз хонандагонро ба кӯчаҳо бароварданд. Ин ба президент хуш наомад ва баъди бозгашташ супориши қатъӣ дод, ки ин кор бас карда шавад”, нақл кард мусоҳиби “Бомдод”.
Пешвозгириҳои пурдабдаба аз президент дар сафарҳояш ба шаҳру навоҳӣ, бахусус дар ҳавои чӣ гарму чӣ сард духтаракҳоро чандин соат қатор кардан аз масоиле буд, ки вокунишҳои гуногунро дар ҷомиа ба бор оварда буд. Тарафдорони президент ва мақомоти маҳаллӣ инро намоиши муҳаббати мардум ба президент барои хидматҳояш унвон мекунанд ва бар инанд, ки Эмомалӣ Раҳмон бо хидматҳое, ки барои Тоҷикистон анҷом додааст, арзандаи чунин истиқболҳо ҳаст. Вале мунтақидон ин пешвозгириҳои пурдабдабаро намунае дигар аз ривоҷи парастиши шахси Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомиа номида, мегӯянд, мақомоти маҳаллӣ бо ташкили чунин пешвозгириҳо мехоҳанд худро дар чашми президент ширин карда, таваҷҷуҳи ӯву дигар масъулони ҳукуматро аз мушкилоти мавҷуда дар ин ё он минтақаро ба тарафи дигар баранд.


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.