расонаи иттилии - Ориён » . » Президент » Президент: соли таҳсил ҳамасола 1-уми июн ҷамъбаст шавад

Президент / Ҷомеа

Президент: соли таҳсил ҳамасола 1-уми июн ҷамъбаст шавад

Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар гимназияи барои хонандагони болаёқат гуфт, соли хониш аз ин ва баъд 1-уми июн ҷамъбаст шавад.
Президент оғозу анҷоми соли таҳсилро аз масъалаҳои ҳалталаб арзёбӣ кард.
Ӯ ёдоварӣ намуд, ки бо мақсади пешгирии КОВИД – 19 имсол низ бо дарназардошти тағйирёбии иқлим ва паҳншавии мавҷи нави беморӣ тибқи дастури Ҳукумат анҷоми дарсҳо аз 14-уми июн ба 7-уми июн гузаронида шуд.
Раисиҷумҳур афзуд, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки вобаста ба мушкилоту пайомадҳои тағйирёбии иқлим, гармшавии ҳаво, пайдоиши бемориҳои сироятӣ, ҳамчунин, мавқеи географӣ, обу ҳавои мамлакат, ҳолати равонии кӯдакон, имконияти вақту соатҳои дарсӣ ва барномаву стандартҳои таълимӣ мо бояд дар доираи ислоҳоти соҳа ба ин масъала нигоҳи нав ва воқеӣ дошта бошем.
"Аз ин рӯ, пешниҳод мегардад, ки соли таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ҳамасола 1-уми июн ҷамъбаст карда шавад", - гуфт президент.
Дар робита ба ин, раисиҷумҳур ба Вазорати маориф ва илм супориш дод, ки пешниҳоду хулосаҳои худро дар ин хусус ба Ҳукумат манзур намуда, ҷиҳати ворид кардани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа чораҳои зарурӣ андешад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.