расонаи иттилии - Ориён » . » Президент » Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон занг зад: чиро баррасӣ карданд

Президент / Сиёсат

Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон занг зад: чиро баррасӣ карданд

Қайд мешавад, ки музокирот бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон, таваҷҷуҳи хосса ба мувофиқа кардани ҷадвали мулоқот ва тамосҳои дар сатҳи олӣ пешбинишуда ҳам дар асоси дуҷониба ва ҳам дар сиғаи ҳамкориҳои бисёрҷониба зоҳир карда шуд.
Ҷонибҳо ҷараёни омодагӣ ба сафари расмии қарибулвуқӯи президенти Русия Владимир Путинро ба Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор доданд.
Ҳамчунин, сарони ҳарду давлат оид ба талошҳои минбаъдаи тарафҳо ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ибрози ақида намудаанд.
Зимни суҳбати телефонӣ инчунин масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла, мушкилоти Афғонистон баррасӣ шудааст.
"Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин бо изҳори нигаронӣ дар бораи рушди ташвишовари вазъ дар ин кишвар суҳбат кардаанд. Дар ин зимн ҷонибҳо ҷиҳати минбаъд ҳам ҳамоҳангсозии зичи амалҳои ҷонибҳо дар ин самт ба мувофиқа расиданд", - омадааст дар хабарнома.
Президенти Русия Владимир Путин бо кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон телефонӣ суҳбат кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Кремл.
Бино ба гузориш, раҳбарон масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷониба ва вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд.
Президентҳо ҳамчунин ба масъалаи омодагӣ ба саммити дарпешистодаи СҲШ ва ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД, ки тирамоҳ дар Душанбе баргузор мешаванд, дахл карданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.