расонаи иттилии - Ориён » . » Президент » Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Имрон Хон ба Покистон меравад

Президент / Сиёсат

Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Имрон Хон ба Покистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 2-июн озими Исломобод мешавад

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Покистон, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, бо даъвати Имрон Хон, нахуствазири Покистон бо сафари дурӯза ба Исломобод меравад.
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон рӯзи 2-юми июн оғоз меёбад.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Покистон, дар музокироти дуҷониба ҳайати Тоҷикистонро Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати мизбонро нахуствазири он кишвар Имрон Хон раҳбарӣ мекунанд.
Интизор меравад, ҷонибҳо дар мавриди ҳамкориҳо дар арсаҳои гуногун, аз ҷумла иқтисод, тиҷорат, сиёсат, сармоягузорӣ, амният, дифоъ, фарҳанг, маориф ва робитаҳои минтақавӣ, баҳсу гуфтугӯ кунанд.
Дар назар аст, Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Покистон Ориф Алавӣ дуҷониба мулоқот кунад.
Бояд қайд кард, ки мақомоти Тоҷикистон то кунун дар бораи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон хабаре пахш накардааст.
Ёдрас мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1994 то кунун ҳафт бор ба Покистон сафар кардааст. Ӯ бори охир моҳи марти соли 2017 барои ширкат дар нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ба Покистон рафта буд.
Муносиботи дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Покистон 6 июни 1992 барқарор шуд.
Соли 1993 Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Душанбе боз гардида, фаъолияти он аз ибтидои 1994 оғоз шуд.
Дар 11 моҳи соли 2020 гардиши мол байни ду кишвар ба 16,2 млн. расид, ки аз он содирот 6,6 млн. доллар ва воридот 9,6 млн. долларро ташкил дод.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.