расонаи иттилии - Ориён » . » Президент » Интихоботи президентӣ: кай номи ҳамаи номзадҳо муайян мешавад?

Президент / Сиёсат

Интихоботи президентӣ: кай номи ҳамаи номзадҳо муайян мешавад?

Комиссияи марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон эълом кард, ки номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар бояд то рӯзи 15 сентябри 2020 дар ин ниҳод сабтином шаванд
ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Ин комиссия бо эъломи тасвиби баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи 11 октябри имсол аз довталабони номзад шудан дар ин давр аз интихобот хост, ки бо ҷамъоварии имзои ҷонибдорони хеш мадракҳои лозимро барои сабтином ба ин ниҳод ироа кунанд. Дар ин бора "Парс тудэй" дар истинод ба расонаҳои маҳаллии Тоҷикистон гузориш медиҳад.
Пас аз сабтином дар Комиссияи марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон, номзадҳо дар муддати 25 рӯз метавонанд ба таблиғи барномаҳои хеш пардозанд.Теъдоди овоздиҳандагони дорои шароит дар интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 11 октябри имсоли Тоҷикистон 4 миллиону 900 ҳазору 545 нафар эълом шудааст.
Натиҷаҳои аввалияи шумориши овозҳо як рӯз пас аз баргузории интихобот ва натиҷаҳои ниҳоии он рӯзи 21 октябр соли ҷорӣ эълом хоҳад шуд.
То ба ҳол танҳо Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон Рустам Латифзода, раиси ин ҳизб ва намояндаи Маҷлиси қонунгузории ин кишварро ба унвони номзад муаррифӣ кардааст ва бақияи ҳизбҳои сиёсӣ мунтазири баргузории конгираҳои ҳизбӣ мебошанд.
Интихоботи президентӣ: Ҳизби аграрӣ ҳам номзад пешниҳод мекунад
Бар асоси тасмими муштараки маҷлисҳои миллӣ ва намояндагони Тоҷикистон шашумин интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар зудтар аз замони интихоботи қаблӣ, ки якшанбе аввали моҳи ноябр буд, рӯзи 11 октябр баргузор мегардад.

Read more: https://sputnik-tj.com/Tajikistan/20200819/1031760256/Intikhoboti-prezident-kay-nomi-amai-nomzado-ba-raisumur-muayyan-meshavad.html

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.