расонаи иттилии - Ориён » . » Президент » Эмомалӣ Раҳмон Убайдуллоевро бо ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон қадрдонӣ кард

. / Президент

Эмомалӣ Раҳмон Убайдуллоевро бо ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон қадрдонӣ кард

Дар душанбе ба истиқболи 29 - солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд баргузор гардид
 Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент, маросими ҷоизасупорӣ имрӯз дар Қасри Миллат,  ба намояндагони касбу кори гуногун баргузор гардид.
Қабл аз оғози маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати фарорасии ҷашни 29-солагии Истиқлол шодбош гуфта, изҳор доштанд, ки фаъолияти пурсамар ва содиқонаи фарзандони бонангу номуси миллат, заҳмати созандаву бунёдкоронае, ки ба нафъи ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон равона шудааст, аз ҷониби давлат ҳамеша қадрдонӣ карда мешавад.
Ҳамин тавр барои дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва рушди илму фарҳанги мамлакат, 70 нафар корманди соҳаи илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон, аз ҷониби президент бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  сарфароз гаштаанд.

Read more: https://sputnik-tj.com/incidents/20200828/1031808038/-Emomal-Ramon-Ubadulloevro-bo-ordeni-Sitorai-Prezidenti-Toikiston-adrdon-kard.html

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.