расонаи иттилии - Ориён » . » Президент » БАРОИ МУЛОҚОТ БО ПРЕЗИДЕНТ КОСТЮМРО АЗ БОЗОРИ “КОРВОН” ИҶОРА ГИРИФТАМ. МУСОҲИБА БО ФЕЛДШЕРЕ, КИ ПРЕЗИДЕНТ ХОНА ТУҲФААШ КАРД (ВИДЕО)

Президент / Ҷомеа

БАРОИ МУЛОҚОТ БО ПРЕЗИДЕНТ КОСТЮМРО АЗ БОЗОРИ “КОРВОН” ИҶОРА ГИРИФТАМ. МУСОҲИБА БО ФЕЛДШЕРЕ, КИ ПРЕЗИДЕНТ ХОНА ТУҲФААШ КАРД (ВИДЕО)

Фелдшери тоҷике, ки бо ашкҳои худ дар як видео ҳамаро ба номус оварду таваҷҷуҳи ҳама мардуми тоҷик, аз ҷумла президент Эмомалӣ Раҳмонро ҷалб кард, дар ёдатон ҳаст? Маълум мешавад, ки Муҳаммад Ҳисайнов дар як хонаи кӯҳнаи "барак” дар теппаҳои ноҳияи Шоҳмансур зиндагӣ мекунад ва аз бепулӣ қариб ҳар рӯз ба ҷои кораш пиёда меравад. Муҳаммад дар як мусоҳибаи муфассал бо "Азия Плюс” гуфт, дар маҳаллаи онҳо автобуси маршрутка намегардад ва нархи такси 15 сомонӣ аст, ки ӯ чунин пул надорад ва маҷбур аст ҳар рӯз пиёда биравад.
Рӯзи 18 август дар мулоқот бо табибон президент Эмомалӣ Раҳмон гуфт, аз видеои Муҳаммад Ҳисайнов хеле мутаассир шудааст. Ӯ дар ҳамон толор ба ин фелдшер барои ҷасораташ дар рӯзҳои мубориза бо коронавирус хонаи дуҳуҷрагӣ ваъда кард ва ба вазири маориф ва ёрдамчиаш дар умури кадрҳо амр дод, ки Муҳаммад Ҳисайновро ба Донишгоҳи тиббӣ дохил кунанд. Дар суҳбат бо "Азия Плюс” Муҳаммад Ҳисайнов нақл кард, ки "барои вохӯрӣ бо президент ман костюмро аз бозори "Корвон” иҷора (прокатгирифтамБа харидани костюми нав имкон надорамЯкто доштамки вақти тӯйи хонадоршавиам харида будамлекин он дуруст наомадБа мо гуфтандки рангу шакли сарулибос бояд якхел бошад. Пас аз кор дар вақти холигиам дар бозори "Корвон” боркашӣ мекунамДар ҳамон ҷо аз шиносҳоям дархост кардамки сарулибос барои иҷора ёфта диҳанд...
Ёд доред фелдшери тоҷикеро, ки бо ашки худ номуси миллионҳо нафарро оварду таваҷҷуҳи ҳамаи тоҷикистониён, аз ҷумла, раисҷумҳурро ҷалб кард?
Мо бо Муҳаммад Ҳисайнов дар тамос шудем ва суҳбате оростемДар бораи он рӯзҳои сахтгирифториаш ба Covid-19, кӯдакии душвору вохӯрӣ бо президентдар бораи ҳамкасбонаш ва мизоҷеки "аз модараш халос шудан мехост".
Ин корманди миёнаи тиббиро дар саросари кишвар мешиносанд: 18 август дар вохӯрӣ бо президент вақте ки Эмомалӣ Раҳмон ба табибони тоҷик мукофотҳои давлатӣ месупуридсарвари давлат ҷасорату мардонагии ин кормандро махсус қайд кардаба ӯ манзил туҳфа кард.

Ин ҷо матни қисмати мусоҳиба бо ӯки дар навори видео нест.
- Дар вохӯрӣ бо президент ҳама як хел сарулибос доштандкостюмро харидед ё касе онро ба шумо туҳфа кард?
- Дар вохӯрӣ бо президент ман костюмро аз бозори "Корвон” иҷора (прокатгирифтамБа харидани костюми нав имкон надорамЯкто доштамки вақти тӯйи хонадоршавиам харида будамлекин он дуруст наомадБа мо гуфтандки рангу шакли сарулибос бояд якхел бошад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.