Пои президенти нави Амрико Ҷо Байден шикаст

Ба гуфтаи табибон, «шикастани як қисми устухонҳои паҳлуӣ ва миёнаи пои рост » тасдиқ карда шуд. Эҳтимол Байден маҷбур аст, ки тӯли чанд ҳафта пояафзоли махсус пӯшад. Дар ҳамин ҳол, дафтари Байден гуфт, ки сиёсатмадор қарор додааст,ки рӯзи душанбе нахустин брифинги президентии худро баргузор кунад. Байден аз хадамоти ҷосусии ИМА маълумот хоҳад гирифт, менависад РИА Новости. Хотиррасон мекунем, ки Байден ба ёрии тиббӣ ниёз дошт. Тавре,ки қаблан гуфта буданд: » ӯ ҳангоми бозӣ бо саги худ лағжид ва тағояки пояш ёзид…»