ЭМОМАЛӢ РАҲМОН 378 НАФАРРО АФВ КАРД ВА ҲУКУМАТРО БА ИСТЕЪФО ФИРИСТОД (59 АКС)

Ҳамин тавр, бо фармони ӯ ҳукумати Тоҷикистон ба истеъфо фиристода шуд. Дар фармони президент омадааст, ки "Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Сарвазир, муовини якум ва муовинони Сарвазир, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ то таъини аъзои нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои худро иҷро намояд.”
Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 30 октябр бо адои савганд ба давраи навбати ҳафтсолаи президентиаш шурӯъ кард.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд
30.10.2020 19:04
Имрӯз ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фармони худ "Дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд” дар асоси принсипҳои инсондӯстона, меҳру шафқат, ғамхорӣ ба оила ва кӯдакону наврасон 378 нафар маҳкумшударо бахшида, онҳоро аз адои минбаъдаи ҷазо озод намуданд.
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ваколатҳои
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 74 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» фармон медиҳам:
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Сарвазир, муовини якум ва муовинони Сарвазир, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ то таъини аъзои нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои худро иҷро намояд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
30 октябри соли 2020
№1