расонаи иттилии - Ориён » . » Муҳоҷир » Шарҳи сафорат дар бораи занозании муҳоҷирони тоҷик дар Маскав: ихроҷ таҳдид мекунад

. / Муҳоҷир

Шарҳи сафорат дар бораи занозании муҳоҷирони тоҷик дар Маскав: ихроҷ таҳдид мекунад

Ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар занозании оммавии ахир дар Маскав ширкат доштанд, ихроҷ таҳдид мекунад

Сафорати Тоҷикистон дар Русия муноқишаи рӯзи 29-уми январ дар Маскав сарзадаро, ки дар он шаҳрвандони кишвар ширкат доштанд, шарҳ дод.

Ба иттилои дафтари матбуотии намояндагии дипломатии кишвар, занозанӣ шомгоҳ дар гузаргоҳи «Востряковский"-и рух додааст.
«Маълум шуд, ки ин муноқиша дар пайи хусумати шахсӣ сар зада ва сипас ба муноқишаи гуруҳӣ табдил ёфтааст»,-афзудааст манбаъ.

Дар натиҷа кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Россия ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, гумонбарон, инчунин сокинони маскуни маҳали ҳодисаро (дар маҷмӯъ 65 нафар) ба идораи пулис бурдаанд.

Аз ин шумора 15 нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон буда, нисбати 7 нафарашон парвандаи маъмурӣ кушода шуда, эҳтимол аз қаламрави Россия хориҷ гарданд.

«Нисбати як нафар шаҳрванди дигари Тоҷикистон бар асоси қисми дуюми модаи 213 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия (авбошӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз гардид», — афзудааст манбаъ.

Сафорати аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия дархост намудааст, ки дар рафти тафтишоти парвандаҳои ҳодисаи мазкур дар доираи қонунгузорӣ ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ҳимоя карда шаванд ва дар сурати зарурӣ кормандони Хадамоти консулии Сафорат омодаанд, то ба шаҳрвандони Тоҷикистон кӯмакҳои ҳуқуқӣ расонанд.

Намояндагии дипломатӣ аз ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави Русия қарор доранд, бори дигар эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки аз ҳар гуна амалҳои иғвоангез дурӣ ҷуста, қоидаҳои будубоши кишвари иқоматро ба таври лозимӣ риоя кунанд.

Ёдовар мешавем, ки дар Русия теъдоди ҷиноятҳои содиркардаи шаҳрвандони хориҷӣ афзоиш ёфтааст. Ҳамин тариқ, аз аввали соли 2021 муҳоҷирон 33,7 ҳазор ҷиноят содир кардаанд.

Вазорати умури дохилаи Русия мегӯяд, ҳолатҳои қонуншиканӣ дар муқоиса бо соли 2020 ҳудуди 6,3 дарсад афзоиш ёфтааст.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки ҷорӣ шудани кортҳои пластикӣ барои муҳоҷирон дар Русия имкон медиҳад, ки ҷиноятҳо зудтар тафтиш карда шаванд.

Ҳуҷҷати ягона барои хориҷиён чипи дорои маълумоти шахсӣ хоҳад буд — онҳо аз ҷумла хусусиятҳои биометрӣ, инчунин маълумот дар бораи мақоми шаҳрванди хориҷӣ, раводиди додашуда ва мӯҳлати амали онро дар бар мегиранд.


Сарчашма:​sputnik-tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.