расонаи иттилии - Ориён » . » Муҳоҷир » ЯК ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН МЕХОСТ БО ПУФАК БА ЗИНДОН МАВОДИ МУХАДДИР ФИРИСТАД

. / Муҳоҷир

ЯК ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН МЕХОСТ БО ПУФАК БА ЗИНДОН МАВОДИ МУХАДДИР ФИРИСТАД



Як зодаи Тоҷикистонро дар кӯчаи Новослободскаяи шаҳри Маскав барои кӯшиши бо кумаки пуфакҳо ба боздоштгоҳи «Бутирка» интиқол додани маводи мухаддир дастгир кардаанд. Манбаи хабаргузории «Москва» дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гуфтааст, ки боздоштшуда ҳамроҳи як шарикаш маводи мухаддир харида, талош кардаанд, ки онро ба пуфакҳо банданд ва ба тарафи боздоштгоҳ равон кунанд. Аз ин зодаи Тоҷикистон 3,4 грамм банг (марихуана) ва 0,76 грамм кокаин ёфт ва мусодира шудааст. Ба зидди ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Дар зиндонҳои Русия, бино ба омори расмӣ, дар ҳоли ҳозир, ҳудуди 7 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон адои ҳукм мекунанд ва тақрибан 1200 нафари дигар дар боздоштгоҳҳо таҳти тафтиш қарор доранд. Тақрибан сеяки ин зодагони Тоҷикистон дар Русия бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ шудаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.