расонаи иттилии - Ориён » . » Муҳоҷир » ЯК ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОНРО ДАР ҚАЗОҚИСТОН АЗ ҒУЛОМӢ ОЗОД КАРДААНД

. / Муҳоҷир

ЯК ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОНРО ДАР ҚАЗОҚИСТОН АЗ ҒУЛОМӢ ОЗОД КАРДААНД

Кормандони пулиси Қазоқистон як шаҳрванди 43-солаи Тоҷикистонро аз ғуломӣ озод кардаанд. Думан Таев, сардори департаменти пулиси ҷиноии Қазоқистон рӯзи 21 сентябр дар як нишасти хабарии бахшида ба натиҷаҳои амалиёти серӯзаи "STOP трафик" гуфт, ин муҳоҷири тоҷикро роҳбари як хоҷагии фермерӣ дар вилояти Актюбинск (Оқтеппа) дар тӯли се моҳ бо таҳдиди зӯроварии ҷисмонӣ маҷбуран дар хоҷагиаш кор фармудааст. Ба гуфтаи Таев, муҳоҷири тоҷик рӯзона дар хоҷагии деҳқонии он «ғуломдор» трактор меронд ва шабона оғили вайро посбонӣ мекард ва дар як мошини фургон хоб мерафт. Нисбат ба фермери қазоқ бар асоси моддаи 128-уми Кодекси ҷиноятии Қазоқистон бо иттиҳоми «хариду фурӯши инсон» парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, муҳоҷири тоҷики ҷабрдидаро дар як маркази кумак ба қурбониёни харидуфурӯши инсон таҳти парасторӣ гирифтаанд.
Сардори Департаменти пулиси ҷиноии ВКД Қазоқистон Думан Таев рӯзи 21 сентябр дар як нишасти хабарӣ дар ВКД аз амалиёти серӯзаи "STOP трафик"натиҷагирӣ карда, дар бораи чанд мавриди пурсарусадои харидуфурӯши инсон дар ин кишвар нақл кард.
Думан Таев аз ҷумла хабар дод, ки кормандони пулиси Қазоқистон дар вилояти Актюбинск як шаҳрванди 43-солаи Тоҷикистонро аз ғуломӣ озод кардаанд.
«Кормандони пулис роҳбари як хоҷагии деҳқонӣ – сокини вилояти Актюбинскро дастгир карданд. Ӯ дар тӯли се моҳ бо таҳдиди зӯроварии ҷисмонӣ як шаҳрванди 43-солаи Тоҷикистонро истисмор кардааст. Ҷабрдида рӯзона дар хоҷагии вай трактор меронд ва шабона оғили говҳояшро посбонӣ мекарду дар як автофургон хоб мерафт. Дар робита ба ин ҳодиса бар асоси моддаи 128-уми Кодекси ҷиноятии Қазоқистон бо иттиҳоми «хариду фурӯши инсон» тафтиши тододгоҳӣ идома дорад. Дар ҳоли ҳозир оҷики ҷабрдидаро дар як маркази кумак ба қурбониёни харидуфурӯши инсон ҷой кардаанд ва ба ӯ тамоми кумаки лозим расонда мешавад» - нақл кард Думан Таев дар брифинг дар ВКД.
Дар умум тайи се рӯзи амалиёти "STOP трафик"кормандони пулиси Қазоқистон беш аз 50 ҷинояти марбут ба хариду фурӯши инсонро ошкор кардаанд, - хабар дод Таев. Аз ин шумор як мавридаш хариду фурӯши ноболиғ, ду мавридаш – хариду фурӯши одамон, се мавридаш – аз озодӣ маҳрум кардан бо ҳадафи истисмори корӣ ва ҷинсӣ, 6 мавридаш ҷалби одамон ба танфурӯшӣ, аз ҷумла як мавриди ба танфурӯшӣ ҷалб кардани ноболиғ будаанд. Пулиси Қазоқистон ҳамчунин 41 мавриди ташкил ваё нигоҳ доштани фоҳишахонаҳо бо мақсади даллагӣ ва танфурӯширо ошкор кардааст.
Манбаъҳо: https://www.zakon.kz/5040793-tri-mesyatsa-derzhali-v-nevole.html
https://liter.kz/79684-2/

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.