расонаи иттилии - Ориён » . » Муҳоҷир » Муҳоҷирон аз нархи билет ва "миёнравҳо" шикоят карданд. Сафир мегӯяд, "туҳмат аст".

. / Муҳоҷир

Муҳоҷирон аз нархи билет ва "миёнравҳо" шикоят карданд. Сафир мегӯяд, "туҳмат аст".

Муҳоҷирони мунтазири бозгашт ба ватан. Фурудгоҳи "Внуково", моҳи марти 2020

Як гуруҳ аз муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, ба сабаби гаронии билети парвозҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон ба ватан баргашта наметавонанд.

Гуруҳе дигар иддао доранд, ки ҳарчанд аз шахсони, ба қавли онҳо, "миёнрав" бо нархи қимат билет хариданд, ба ҳавопаймо роҳ наёфтанд ва ду ҳафта боз дар фурудгоҳи "Домодедово"-и Маскав дармондаанд.

Масъулони сафорати Тоҷикистон дар Русия ва ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" вуҷуди миёнравҳоро рад карданд.
Тоҷикистон барои баргардондани шаҳрвандонаш аз Русия аз 15-уми август то 15-уми сентябр беш аз сад парвози чартерӣ ташкил кард. Масъулони ширкати "Сомон Эйр" ҳанӯз 25-уми август гуфтанд, ки арзиши билети бозгашт аз Русия ба Тоҷикистон 300 евро, муодили тақрибан 27 ҳазор рубли русӣ ва дар муқоиса ба нархи моҳҳои пеш тақрибан сад евро арзон аст.

Намояндагони ширкат дар эъломияи расмӣ гуфтанд, қаблан ҳавопаймоҳои онҳо аз Душанбе ба Маскав ва шаҳрҳои дигари Русия "холӣ мерафт" ва бинобар ин арзиши билет 40 дарсад гарон мешуд.

Бархе аз муҳоҷирони дармонда дар фурудгоҳи "Домодедово" иддао доранд, ки баъзе аз шахсони ба қавли онҳо “миёнрав” билетҳоро бо арзиши поинтар дастрас карда ва ба дигарон қимат мефурӯшанд.

Яке аз мусофирон, ки худро Маҳдӣ муаррифӣ кард, рӯзи 8-уми сентябр гуфт: "Дар инҷо миёнравҳо аз хазина билетҳоро бо нархи маъмулӣ мехаранд ва ба мо дар ивази 60-70 ҳазор рубл пешниҳод мекунанд. Ин беинсофӣ аст охир. Мо пули кофӣ надорем."

Муҳоҷирон дар ин маврид ангушти иттиҳомро ба тарафи намояндагони ширкати ҳавопаймоӣ ва сафорат дароз мекунанд.
Намояндаи ширкати "Сомон Эйр" бо шарти зикр нашудани номаш рӯзи 9-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар фурудгоҳи "Домодедово" танҳо як хазина ба мусофирон билет мефурӯшад. "Вақте шаҳрванд ба кишвар баргаштанист, намояндаҳои сафорат номашро дар рӯйхат ворид мекунанд. Рӯзи расидани навбаташ огоҳ месозанд, ки омада билетро гирад", -- афзуд ӯ.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.