расонаи иттилии - Ориён » . » Муҳоҷир » Миёни муҳоҷирон дар Русия як тамоюли нав мушоҳида шуд

Муҳоҷир / Ҳаводис / Ҷаҳон

Миёни муҳоҷирон дар Русия як тамоюли нав мушоҳида шуд

Хориҷиён дар Русия бештар сабти ном мешаванд. Дар ин бора аз дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилии Русия хабар доданд.

Теъдоди шаҳрвандони хориҷие, ки мақомотро дар бораи ворид шудан ба ин кишвар огоҳ кардаанд, аз аввали соли 2022 нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ду баробар бештар аст.

Тибқи иттилои ин ниҳод, аз моҳи январ то марти соли ҷорӣ беш аз 3,5 миллион нафар ба қайд гирифта шудаанд, дар ҳоле ки дар 3 моҳи аввали соли 2021 тақрибан 2 миллион нафарро ташкил додааст.

Ҳамчунин даъватномаҳо ҳам ба хориҷиён ва ҳам ба шахсони бешаҳрванд бештар дода шудаанд. Дар давраи зикршуда Вазорати корҳои дохилӣ ба 66 ҳазор хориҷӣ ҳуҷҷат додааст. Соли 2021 ин нишондод ба 32 ҳазор баробар буд.

Илова бар ин муҳоҷирон бештар барои гирифтани раводид муроҷиат кардаанд. Аз моҳи январ то марти соли 2022 теъдоди чунин ҳуҷҷатҳо ба 56 ҳазор (дар соли 2021 30 ҳазор) расидааст.

Теъдоди хориҷиёне низ, ки патент гирифтаанд, афзудааст. Кормандони ҳифзи ҳуқуқ аз аввали соли 2022 то кунун 515 ҳазор (соли гузашта – 230 ҳазор) патент додаанд. Шумораи иҷозатномаҳои иқомати муваққатӣ ва иҷозатномаи иқомат низ зиёд шуд.

Бояд гуфт, агар муҳоҷир дар Русия ин ҳуҷҷатҳоро нагирад, пас вай қонунҳои ин кишварро нақз мекунад.


Дар ин ҳолат шаҳрвандонро муҷозот - ҷарима ё ихроҷ аз Русия интизор аст. Қаблан маълум шуда буд, ки аз аввали соли 2022 теъдоди қонуншиканиҳо миёни шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия чанд баробар афзоиш ёфтааст.

Ба гуфтаи роҳбари Маркази тадқиқоти таҳлилӣ ва амалии равандҳои муҳоҷират Вячеслав Поставнин, ба ин раванд ба поён расидани қоидаҳои муваққатии дар давраи пандемияи коронавирус муқарраршуда таъсир расондааст.


Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.