расонаи иттилии - Ориён » . » Муҳоҷир » Муҳоҷирати тоҷикистониён се баробар зиёд шуд: шарҳи вазири меҳнат

. / Муҳоҷир

Муҳоҷирати тоҷикистониён се баробар зиёд шуд: шарҳи вазири меҳнат

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷи кишвар дар соли 2021 қариб се баробар зиёд шудааст

Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон гуфт, соли гузашта наздики 374 ҳазор нафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар рафтаанд.

Амонзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, аз 373,7 ҳазор нафар, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанд, беш аз 352 ҳазор нафар ба Русия ва ҳудуди 9 ҳазор ба Қазоқистон рост меояд. Соли 2021 инчунин 147,3 ҳазор муҳоҷири тоҷикистонӣ ба Ватан баргаштаанд.

Ин дар ҳолест, ки соли 2020 теъдоди муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон, ки ба хориҷ сафар намуда буданд, ба 129 ҳазор нафар баробар буд.

Вазир далели афзоиши қариб себаробарии муҳоҷирати тоҷикистониёнро ба лағви бархе маҳдудиятҳои марбути пандемияи коронавирус ва фароҳам шудани имкони сафар ба хориҷи кишвар рабт дод.

Дар баробари ин соли гузашта беш аз 120 ҳазор муҳоҷири мамнуъулвуруди тоҷикистонӣ дар Русия афв шудаанд, ки ба ин феҳраст афроде, ки бо қарори додгоҳ ихроҷ шудаанд, дохил нестанд.

Дар зимн иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳрҳои ҷумҳурӣ марказҳои машваратӣ барои муҳоҷирон таъсис дода шудаанд, ки қоидаҳои ҳузуру кор дар Русияро пеш аз сафар тавзеҳ медиҳанд.

Маврид ба зикр аст, ки Русия қабулкунандаи асосии нерӯи корӣ аз Тоҷикистон ба шумор рафта, ҳамасола садҳо ҳазор тоҷикистонӣ барои таъмини рӯзгори худу хонаводаашон озими ин кишвар мешаванд.

Сарчашма:​sputnik-tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.