расонаи иттилии - Ориён » . » Муҳоҷир » Акнун муҳоҷирон дар Русия нафақа мегиранд: Душанбею Маскав ба мувофқа расиданд

. / Муҳоҷир

Акнун муҳоҷирон дар Русия нафақа мегиранд: Душанбею Маскав ба мувофқа расиданд

Ҳамакнун шаҳрвандони кишвар, ки дар Федератсия Русия расман кор мекунанд имкон доранд нафақаи он кишварро гиранд

Тоҷикистон ва Русия дар бораи нафақаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба мувофиқа расиданд, гуфт роҳбари Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода.

Ӯ гуфт, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки расман дар Русия фаъолият мекунанд имкон доранд дар он кишвар ба нафақа бароянд.
»Тибқи созишнома шаҳрвандони кишвар, ки дар Русия кор мекунанд ва расман дар он кишвар маошашон суғурта шудааст имкони дарёфти нафақаро доранд», — гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, созишномаи дахлдор дар ин бора, аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар аз моҳи августи соли 2021 имзо шудааст.

Гуфта мешавад, созишномаи дуҷониба ҳаҷми нафақаеро, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ҳастанду бояд бигиранд, танзим мекунад.

Қаблан вакили Думаи давлатӣ Светлана Бессараб шароити ҳисобкунӣ ва пардохти нафақа ба муҳоҷирони меҳнатиро тавзеҳ дода гуфт, коргарони хориҷӣ, ки дар Русия кор мекунанд, ҳангоми расидан ба синни мувофиқи қонунгузорӣ, нафақа хоҳанд гирифт.

Муҳоҷирон аз ҳисоби маблағе, ки корфармо дар тӯли корашон дар Русия, барои онҳо пардохт мекунад, нафақа мегиранд», — таъкид кард вакили Думаи давлатӣ.

Ба гуфти вакил, чунин шакли муқаррарии ҳамкорӣ дар соҳаи таъминоти нафақа байналмилалӣ буда, тақрибан дар ҳамаи давлатҳо яксон аст.

Сарчашма:​sputnik-tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.