расонаи иттилии - Ориён » . » Муҳоҷир » Лавров: Русия барои боз кардани маркази муҳоҷирон дар Тоҷикистон мубориза мебарад

. / Муҳоҷир

Лавров: Русия барои боз кардани маркази муҳоҷирон дар Тоҷикистон мубориза мебарад

Раҳбари вазорати хориҷаи Русия ҳамчунин фарқи аслии муҳоҷирони ИДМ ва шаҳрвандони кишварҳои дигарро, ки барои кор ба Русия меоянд, гуфт

Русия исрор дорад, ки дар Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон марказҳои омӯзиши муҳоҷирони корӣ ифтитоҳ шавад. Дар ин бора Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, дар ҷаласаи Думаи давлатӣ изҳор дошт.

Ба гуфти ӯ, маҳз шаҳрвандони ин давлатҳо бештар барои кор ба Русия меоянд.

Дар марказҳои махсус хоҳишмандони кор дар Русия забони русӣ ва қонунгузории кишварро пешакӣ меомӯзанд.

Лавров таъкид кард, ки баъзе ҳодисаҳо бо муҳоҷирон боиси вокуниши эҳсосотӣ дар ҷомеа мешавад.

Ҳамзамон, зодагони ин кишварҳоро дар Русия бо шаҳрвандоне, ки дар Амороти Муттаҳидаи Араб ё Қатар омада кор мекунанд, муқоиса кардан мумкин нест, гуфт вазири корҳои хориҷӣ.

Вай ёдовар шуд, шахсоне, ки аз ИДМ меоянд, қаблан шаҳрвандони як давлат буданд.

«Дар мавриди мо, ин воқеаи таърихии хеле тоза аст, ки онро метавон бо роҳҳои гуногун арзёбӣ кард, аммо он, албатта, ба ҳаёти мардуми оддӣ, аз ҷумла онҳое, ки ба ҳаракат дар як кишвари бузурги худ барои дарёфти кор одат кардаанд, таъсири манфӣ расонд», — хулоса кард Лавров.

Қаблан Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар бораи зарурати омода кардани муҳоҷирон барои кор дар Русия ҳарф зада буд.

Ба гуфти ӯ, забони русӣ ба шаҳрвандони кишварҳои дигар барои мутобиқ шудан ба кишвари дигар мусоидат мекунад.


Сарчашма:​sputnik-tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.