расонаи иттилии - Ориён » . » Муҳоҷир » Музди меҳнати муҳоҷирон дар Русия метавонад соли 2022 афзоиш ёбад

. / Муҳоҷир

Музди меҳнати муҳоҷирон дар Русия метавонад соли 2022 афзоиш ёбад

Норасоии муҳоҷирони корӣ маошро дар Русия боло бурд ва ин тамоюли афзоиш метавонад дар соли 2022 идома ёбад

Масъалаи нарасоии нерӯи корӣ дар Русия ба он оварда расонд, ки то охири соли 2021 маоши муҳоҷирон ва онҳое, ки дар сохтмон, хизматрасонӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, бахши кишоварзӣ кор мекунанд, афзоиш ёбад, хабар медихад «Российская газета».

Ҳамин тариқ, муҳоҷирон, дурусттараш норасоии онҳо дар ҳама самтҳо, ки дар онҷо шаҳрвандони хориҷӣ маъмулан бо кор таъмин мешуданд, музди меҳнатро зиёд кард

Тибқи маълумоти Росстат, ҳоло маоши миёнаи номиналӣ дар Русия 54,6 ҳазор рублро ташкил медиҳад, аммо то охири соли 2021 метавонад то 56 ҳазор рубл афзоиш ёбад. Дар умум соли соли ҷорӣ маош тақрибан 5 ҳазор афзоиш ёфтааст.

Танҳо дар бахши сохтмон, ба гуфтаи вазорати сохтмони Федератсияи Русия, хуруҷи муҳоҷирон ба камбуди дастикам 2 миллион коргар мунҷар шудааст. Талабот ба кадрдо ба он оварда расонд, ки маоши бинокорон зиёд шуд.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.