расонаи иттилии - Ориён » . » Муҳоҷир » Муноқишаи хунин дар Маскав бо маргу захмӣ шудани бародарони тоҷик поён ёфт

. / Муҳоҷир

Муноқишаи хунин дар Маскав бо маргу захмӣ шудани бародарони тоҷик поён ёфт

Муноқиша бо кордзанӣ дар Маскав бо марги як зодаи Тоҷикистон анҷом ёфт

Задухӯрди навбатӣ бо ширкати муҳоҷирон дар Маскав ба вуқӯъ пайваст, хабар медиҳад Telegram-канали «МК: срочные новости»
Шаби сешанбе дар ҷанубу шарқи Маскав занозании маргбор рух дод. Дар задухӯрд миёни чанд шаҳрванди хориҷӣ бо истифода аз силоҳи сард дар назди як тарабхонаи тезтайёр дар кӯчаи Люблинская як нафар куштаву як тани дигар захмӣ шуд.

Ба иттилои манбаъ, бар асари муноқиша шаҳрванди 35-солаи Тоҷикистон Инъомҷон Куганов бо захмҳои корд аз китф ва пушт ба бемористон интиқол ёфт. Маълум шуд, ки ӯ дар ҳолати мастӣ будааст.

Иштирокчии дигари занозанӣ, ки ҳалок шуд, баъдан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шахсияти ӯро муайян карданд, бародари калонии Куганов Бобомурод будааст.

Кормандони пулис то ҳол ҷинояткоронро пайдо накардаанд.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки як шаҳрванди Тоҷикистон дар пайи як занозании оммавӣ бо ширкати беш аз 20 нафар дар Санкт-Петербург боздошт шудааст.

Ин нахустин занозании муҳоҷирон дар Русия набуда, вақтҳои охир муноқишаҳои оммавӣ бештар дар шаҳрҳои ин кишвар сар мезанад.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.