расонаи иттилии - Ориён » . » Муҳоҷир » ЖАСУРЖОН УСМОНОВ БАРОИ ХУДАШ ҲУКМИ ҚАТЛ ХОСТ, ВАЛЕ ДОДГОҲ БА Ӯ 24 СОЛ ДОД (ВИДЕО)

. / Муҳоҷир

ЖАСУРЖОН УСМОНОВ БАРОИ ХУДАШ ҲУКМИ ҚАТЛ ХОСТ, ВАЛЕ ДОДГОҲ БА Ӯ 24 СОЛ ДОД (ВИДЕО)

Додгоҳи вилояти Маскав рӯзи 27 октябр шаҳрванди Тоҷикистон Жасуржон Усмоновро дар қатли устоди Донишгоҳи иқтисодии Русия (РЭУ) ба номи Плеханов Виктория Борковская ва модари ӯ гунаҳкор шинохта ба 24 соли зиндон маҳкум кард.
Дар додгоҳи вилояти Маскав гуфтанд, ки “додгоҳ Усмоновро дар қатли ду нафар, сӯиқасд ба куштори ноболиғ ва ғоратгарӣ гунаҳкор шинохт. Аз 24 соли ҳукмаш Қсмонов 5 соли аввалро дар маҳбаси пӯшида ва муҳлати боқимондаро дар колонияи низомаш сангин адо хоҳад кард.”
Худи Жасуржон Усмонов дар сухани охиринаш аз додгоҳ хост, то ба вай ҳукми қатл диҳинд. Аммо судур ва иҷрои ҳукми қатл дар Русия солҳо боз таҳти мораторий қарор дорад.
Куштори пурсарусадои модару духтар дар яке аз хонаҳо дар ҷамъияти боғдорӣ дар деҳаи Клушинои ноҳияи Солнечногорски вилояти Маскав шаби 7 ноябри соли 2020 рӯй дод. Усмонов ба ин занҳо дар сохтмони қабати сеюми хиштин дар болои ду қабати чӯбии хонаашон кумак мекард.
Ӯ дар ҷараёни бозпурсӣ қатли он ду занро ба гардан гирифт ва гуфт, корфармоёнашро барои он кушт, ки 20 ҳазор рубл ҳаққи корашро надоданд.
Усмонов гуфт, шоми 7 ноябр ба деҳаи Клушино барои гирифтани ҳаққи кораш омад, вале соҳибхонаи 67-сола ба далели гӯё бад будани сифати кораш аз додани ҳаққи кори Усмонов саркашӣ кардааст. Усмонов ба хашм омада, бо корде, ки аз ҳамон хона пайдо кард, ин зани солхӯрдаро кордборон кардааст. Садои фарёди модарашро шунида, досенти Академияи иқтисодии ба номи Плеханов Виктория Борковская давида, меояд ва ӯ ҳадафи дуюм мешавад.
Қотил духтари шашсолаи Борковскаяро низ чанд кор мезанад, вале ӯ зинда монда, соати 21.50 аз телефони модараш ба як шиноси ӯ занг зада, бо овози гирён хабар додааст, ки модару бибияш ғарқи хун хобидаанд ва ӯ худаш ҳам маҷруҳ шудааст. Кӯдак аз шиноси модараш хостааст, ки барояшон дока биорад. Он дӯсти Борковская рост ба пулис ва «Ёрии таъҷилӣ» занг задааст, вале вақте кормандони пулис ва «Ёрии таъҷилӣ» ба ҷои ҳодиса расиданд, ҷасадҳои пур аз захми корд ва ба хун оғӯштаи Виктория Борковская ва модари 67-солаи ӯ ва ҳамчунин духтари 6-солаи аз қафаси сина ва гарданаш захмишудаи Борковскаяроро пайдо карданд.
Билофосила ангушти иттиҳом ба сӯи Жасуржон Усмонов, ки дар хонаи Борковская мардикорӣ мекард, баланд шуд в аӯро шаби 10 ноябр аз як сохтмон дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Дмитрови вилояти Маскав пайдо карданд. Муфаттишон ҷоеро, ки Усмонов либосҳои хунолудашро оташ зада буд, пайдо карданд ва ҳамчунин кроссовкиҳои сафеди хунолудеро, ки ӯ он шаб дар пой дошт. Дар сабти камераҳои назоратӣ дида мешавад, ки чӣ гуна ӯ ҳамон шаби куштор дар пой чунин кроссовкиҳои сафед аз ҷои ҳодиса фирор мекунад.
Гуфта мешуд, ки Жасуржон Усмонов қаблан ҳам бо ҷурми ғоратгарӣ маҳкум ба зиндон шуда буд. Ӯ ба дӯстонаш гуфта будааст, ки баъди гирифтани пули кораш ба Тоҷикистон бармегардад. Вале зоҳиран акнун бозгашти ӯ 24 сол ба таъхир меафтад…


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.