расонаи иттилии - Ориён » . » Муҳоҷир » Мӯҳлати бақайдгирии муҳоҷирони корӣ дар Русия тамдид намешавад

. / Муҳоҷир

Мӯҳлати бақайдгирии муҳоҷирони корӣ дар Русия тамдид намешавад

Полиси Русия бо шеваи бисёр бераҳмонаи бархӯрдаш бо муҳоҷирон, бахусус муҳоҷирони ғайриқонунӣ маъруф аст

Қарори президенти Русия Владимир Путин дар бораи додани имтиёз барои қонунӣ кардани будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия дароз карда намешавад. Федератсияи муҳоҷирон дар Русия мегӯяд, ин тасмим 23-юми сентябр дар пайи ҷаласаи васеи мақомоти рус гирифта шуд. Мӯҳлати охирини сабтиноми шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия 30-юми сентбяр ба поён мерасад. Баъди ин мақомоти Русия ба ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ оғоз хоҳанд кард.

Моҳи гузашта Вазорати корҳои дохилии Русия гуфта буд, ки бар асоси ҳисобҳои пешакӣ маълум шудааст, ки ҳоло дар Русия беш аз 700 ҳазор муҳоҷир аз қаламправи Иттиҳоди давлатҳои мустақил ғайриқонунӣ зиндагӣ мекунанд ва агар ҳуҷҷатҳояшонро дуруст накунанд, депортатсия мешаванд. Ин ниҳод моҳи апрели имсол шумори тоҷиконеро, ки ғайриқонунӣ дар Русия ба сар мебаранд 247 ҳазор ҳисоб карда буд.

Вале мақомот дар Тоҷикистон ин рақамро дур аз воқеъият номиданд.

Ҳоло маълум нест, ки баъди 30-юми сентябр чӣ теъдод аз зодагони Тоҷикистон дар пешорӯи ихроҷ қарор мегиранд.

Сарчашма. ​Радиои Озодӣ​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.