расонаи иттилии - Ориён » . » Муҳоҷир » Талаботи нав барои вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия

. / Муҳоҷир

Талаботи нав барои вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия

Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки азми сафари Русия доранд, бояд аз барномаи мобилии "Саёҳат бе COVID-19" истифода баранд.
Қарори дахлдори Ҳукумати Федератсияи Русия аз 1 сентябр ба эътибор даромад.
Ин талабот ҳамчунин ба шаҳрвандони Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Туркманистон ва Ӯзбекистон, ки тавассути ҳавопаймо ба Русия сафар мекунанд, дахл дорад.
Бо истифода аз барномаи "Саёҳат бе COVID-19", шаҳрвандони хориҷӣ, ки мехоҳад ба Русия парвоз кунанд, озмоишгоҳи наздиктаринро барои супоридани санҷиши коронавирус пайдо мекунанд.
Ва ҳангоми убури сарҳад бояд рамзи QR -ро бо натиҷаи таҳлил нишон диҳанд.
Дар ҳамин ҳол, талаботи нав нисбати шахсоне, ки аз кишварҳои сеюм тавассути қаламрави ин давлатҳо меоянд, татбиқ намегардад, ба шарте ки онҳо натиҷаи манфии санҷиши ПСР пешниҳод кунанд.
Қайд карда мешавад, ки маълумоти кӯдакон ва пиронсолонро, ки смартфон надоранд, метавон дар як замима дар як дастгоҳ ҷойгир кард.
Ёдовар мешавем, ки истифодаи ин замима барои шахсоне, ки аз кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё вориди Русия мешаванд, аз 25 июл ҳатмӣ шуд.
Маълумоти натиҷаи санҷиши коронавирус бояд мустақиман дар замима нишон дода шавад.
Замимаи "Саёҳат бе COVID-19" аз ҷониби Бунёди ташаббусҳои рақамии Бонки Авруосиёии рушд сохта шудааст, то мардуми орӣ аз коронавирус дар кишварҳои узви ИИАО озодона ҳаракт кунанд.
Ин барномаро аз App Store ё Google Play боркашӣ кардан мумкин аст.


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.