расонаи иттилии - Ориён » . » Муҳоҷир » СИТОРАИ ТИК-ТОК ДИНА САЕВА АЗ ШАҲРВАНДИИ РУСИЯ МАҲРУМ МЕШАВАД?

. / Муҳоҷир

СИТОРАИ ТИК-ТОК ДИНА САЕВА АЗ ШАҲРВАНДИИ РУСИЯ МАҲРУМ МЕШАВАД?

Блогери 21-солаи зодаи Тоҷикистон Дина Саева (Мадина Басаева), ки ӯро “маликаи ТикТок” ва яке аз бойтарин блогерҳои Русия меноманд, хабар дод, ки бо масъалаи шаҳрвандии русиаш мушкил пвйдо кардааст. Дина Саева рӯзи 30 июн дар бахши сториз  дар саҳифааш дар Instagram  гуфт, мурофиаи додгоҳии масъалаи шаҳрвандии ӯ рӯзи 23 июл доир мешавад ва ӯ ҳоло шадидан дар пайи ҷустуҷӯи як адвокати хуб барои ҳимояти манфиатҳояш дар ин додгоҳ мебошад.
Дина Саева шарҳ надод, ки дар масъалаи шаҳрвандиаш чӣ мушкил ва бо кадом сабаб пеш омадааст?, вале аз мухлисонаш хост, агар муддате ғайб занад, нигарон набошанд.
“Барои ман ҷолиб аст ин эҳсос, ки туро чӣ гуна метавонанд аз шаҳрвандӣ маҳрум кунанд?” – иқтибос овардааст  хабаргузории русии «Спутник» аз муроҷиатномаи Дина ба мухлисонаш.
Моҳи майи соли ҷорӣ Дина Саева дар як маъракаи хайрияи сохтани чоҳи об ва тақсими ғизо барои кӯдакон дар яке аз фақиртарин гӯшаҳои қораи Африқо иштирок карда, ин хайрашро ба ёди падараш бахшида буд.
 “Дар ёди падар”  – ба забони тоҷикӣ чунин номгузорӣ карда буд он маъракаро Дина Саева ва баннер бо ин навиштаҷоти тоҷикӣ дар қораи Африқо овехта шуда буд.
Акси даҳҳо кӯдаки африқоии ҷамъшуда дар зери баннер бо навиштаҷоти “Дар ёди падар”-ро Дина Саева дар саҳифааш дар Инстаграм нашр кард.
 “Як ҳодисаи хеле муҳими рӯзҳои охир нафақат орзуи ману амалӣ сохтани он, балки сохтани чой дар яке аз гӯшаҳои фақиртарини Банҷӣ буд.
Merci – Раҳмат 🇹🇯
Дар Ёди Падар – В Память об отце
», – навиштааст ӯ дар аксе, ки ҳамроҳ бо кӯдакони африқоӣ гирифтааст.
«Тарафи дохилии зиндагӣ 🌍
Dreams Come True* 
✨ (Орзуҳо ҷомаи амал мепӯшанд)», – навиштааст Дина Саева дар зери акси дигаре, ки чӣ гуна барои кӯдакон хӯрок тақсим мекунад.
Блогери зодаи Тоҷикистон қаблан гуфта буд, ки мехоҳад ба Африқо биравад ва чоҳи об созаду кӯдакони гуруснаро бихӯронад. «Ман ин орзуро аз синфи 6 доштам», – гуфта буд Дина.
Дина Саева 21 сол дорад. Номи аслии ӯ Мадина Басаева буда, маликаи ояндаи ТикТоки Русия дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон дар як хонаводаи фақирранг ба дунё омадааст ва ҳамроҳи падару модару дигар аъзои оилаашон (Дина фарзанди калонӣ аст) ба Екатеринбурги Русия кӯчидаанд.
Дина ҳамагӣ се сол пеш дар McDonald’s кор мекард ва дар риштаи ҳуқуқи донишгоҳ таҳсил мекард. Ӯ роҳаш ба сӯи қуллаҳои шӯҳратро аз лаб ҷунбондан дар ҳавои таронаҳои маъруф ва нашри чунин видеоҳо дар Ютуб нашр карда буд. Имрӯз Дина Саева бо брендҳои машҳуре, чун Coca-Cola, Dolce&Gabbana қарордод баста, дар клипҳои Егор Крид нақши асосиро иҷро мекунад ва дар байни мардум бидуни муҳофиз намегардад. Ба ҳисоби Forbes, ин духтари тоҷик ҳоло ҳар моҳ дар TikTok 800 ҳазор рубл кор мекунад. Шумори пайравониӯ дар ин шабака ҳанӯз як сол пеш аз 16 миллион гузашта буд.
Дина Саева  солҳои пеш бо чанде аз ҷавонони тоҷик низ вориди баҳсҳои шадид шуда буд.  Мунтақидони тоҷикаш тарзи либоспӯшӣ ва рафтори Дина Саеваро берун аз ҳадди одоби хоси як духтари мусалмон номида, аз вай даъват мекарданд, ки худро ислоҳ кунад. Вале Дина Саева мегуфт, касеро иҷозат намедиҳад, ки ба тарзи зиндагиаш дахолат кунад ва ӯро панд диҳад.
Рӯзи 22 апрели соли ҷорӣ Дина Саева зоҳиран мехост ҳангоми пахши мустақим худкушӣ кунад, вале модару хоҳараш сари вақт дари ҳуҷраи ӯро кушода, аз ин роҳ Динаро баргардонданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.