расонаи иттилии - Ориён » . » Муҳоҷир » Муҳоҷирон дар вилояти Маскав барои кор бо тарзи нав ҷалб мешаванд

. / Муҳоҷир

Муҳоҷирон дар вилояти Маскав барои кор бо тарзи нав ҷалб мешаванд

Интиқоли муҳоҷирон, анҷоми расмиёти ҳуҷҷатҳои онҳо, таъмини шароити зисту хӯрок ба дӯши корфармо вогузор мегардад.

Сурат: Mosreg.ru
Ҳукумати Русия тарзу усули амал оид ба ҷалби шаҳрвандони хориҷиро барои кор дар иқтисоди кишвар тасдиқ кард, хабар додаанд аз Сарраёсати амнияти минтақавии вилояти Маскав.
Интиқоли муҳоҷирон ба ҷойи кор, анҷоми расмиёти ҳуҷҷатҳои онҳо, таъмини шароити зисту хӯрок акнун ба дӯши корфармо вогузор мегардад.
“Ташкилоту корхонаҳое, ки ба ҷалби қувваи кории хориҷӣ манфиатдоранд, бояд интиқоли муҳоҷиронро ба ҷойи кор, анҷоми расмиёти ҳуҷҷатҳои онҳоро барои кор, имзои шартномаҳои меҳнатӣ, таъмин бо ҷойи зисту хӯрок, назорати онҳо пас аз омадан ба қаламрави Русия, инчунин риояи қоидаҳои санитариву эпидемиологиро аз ҷониби онҳо таъмин кунанд”, - қайд кардааст муовини раиси ҳукумати вилояти Маскав, роҳбари Сарраёсати амнияти минтақавии ин вилоят Роман Каратаев.
Тарзу усули ин амал аз ҷониби Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Русия таҳия шуда, дар доираи он ташкилоту корхонаҳои манфиатдор ба ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд барои ин кор мустақилона ба низоми иттилоотӣ-таҳлилии «Общероссийская база вакансий «Работа в России» дархост дар ин бора пешниҳод намоянд.

Мақомоти ваколатдор оид ба амалисозии ин чорабиниҳо Сарраёсати амнияти минтақавӣ ва Вазорати рушди иҷтимоӣ таъин шудаанд.
Дар ин мақомот зикр кардаанд, ки бар асари тадбирҳои маҳдудкунӣ соли 2020 дар қаламрави вилоят норасоии захираҳои меҳнатӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди вилоят ба вуҷуд омадааст.
Гуфта мешавад, барои кор дар соҳаи сохтмон ва хоҷагии манзилӣ-коммуналии минтақа ҳудуди 10 ҳазор нафар муҳоҷирони корӣ заруранд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.