расонаи иттилии - Ориён » . » Муҳоҷир » ВИДЕОИ ЗАНОЗАНИИ БАЙНИ МУҲОҶИРОН ДАР МИТИШИ

. / Муҳоҷир

ВИДЕОИ ЗАНОЗАНИИ БАЙНИ МУҲОҶИРОН ДАР МИТИШИ

Шоҳидон лаҳзаҳои занозании гуруҳии байни муҳоҷиронро дар канори Маскав ба навор гирифтаанд. Ин занозанӣ соати тақрибан дуи рӯзи 23 декабр дар Митиши, дар назди бинои №24 маҷтамаи истиқматии «Императорские Мытищи» рӯй додааст.
Дар видеои якунимдақиқагие, ки Телеграм-канали «Москва 24»  нашр кард, дида мешавад, ки ду гуруҳи ҷавонон, ки бархеаш дар даст калтак ва бархе дар тан либоси норанҷии роҳрӯбӣ доранд, дар рӯи роҳи мошингард якдигарро латтукӯб мекунанд ва ронандагони мошинҳои роҳгузар аз байни издиҳоме, ки аз гиребони якдигар гирифтаанд, мошин меронанд.
Як зани маҳаллӣ нақл кард, ки ҳангоми занозани ӯву духтари хурдсолаш низ осеб дидаанд: «Ману духтарамро чанд бор ба дар заданд вақти занозанӣ. Лаби духтарам кафид ва дандонаш лиқонак шудааст. Ин хеле даҳшатовар аст, вақте мардони калонсол як кӯдакро ҳатто намебинанд ва зери пой мекунанд.»
Тафсилоти дигари ҳодиса ва аз куҷо будани муҳоҷироне, ки дар Митиши аз гиребони ҳам гирифтанд, ҳанӯз рӯшан нест. Гуфта мешавад, ки пулис ба таҳқиқи қазия пардохтааст.
Москва 24
Бойцовский клуб устроили мигранты в ЖК «Императорские Мытищи». Дубасили друг друга кулаками, ногами, палками. Но пострадали от «массовой сходки» и местные жители:

«На выходе из подъезда 14 дома на нас налетели совершенно неадекватные гастарбайтеры. Меня и дочь несколько раз ударили об дверь в потасовке. У ребенка рассечена губа и шатается зуб. Это очень страшно, когда взрослые мужики практически ногами топчут ребёнка, даже не замечая его», – рассказала о произошедшем потерпевшая.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.