расонаи иттилии - Ориён » . » Муҳоҷир » ЯК ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР ВЛАДИМИР БАРОИ ҚАТЛИ ДУ ДУХТАР БА 17 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

. / Муҳоҷир

ЯК ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР ВЛАДИМИР БАРОИ ҚАТЛИ ДУ ДУХТАР БА 17 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

Додгоҳи вилояти Владимири Русия рӯзи 22 декабр як ҷавони 28-солаи зодаи Тоҷикистонро, ки дар ноҳияи Петушинои вилояти Владимир зиндагӣ мекард, дар куштори ҷавонзани 26-сола ва духтари 16-сола гунаҳкор донист ва ба 17 соли зиндони низомаш сангин маҳкум кард. Бар асоси хулосаи тафтишот ва додгоҳ, шаби 21 ба 22 июни соли 2019, ин мард зану духтари шиносашро аз як маркази дилхушӣ дар шаҳри Покров гирифта, бояд ба хонаҳояшон мебурд. Вале дар роҳ байни онҳо муноқиша бархостааст ва мард ин ҷавонзану духтарро ба як ҷои беодам бурдааст ва аввал зани 26-соларо аз мошин бароварда, буғӣ карда, куштааст ва сипас бо айни шева – духтари 16-соларо. Баъди ин гумонбаршаванда ҳарду ҷасадро дар ҳамонҷо таги хок карда, белро пинҳон кардааст ва мошинашро тоза шустааст, ки ягон изи ҷиноят боқӣ намонад. Гуфта мешавад, ки айбдоршаванд дар ҷараёни тафтишот ва мурофиа куштани он ду ҷабрдидаро эътироф ва аз кори кардааш изҳори пушаймонӣ кардааст.
Моҳи сентябр додгоҳи кишвари Хабаровски Русия як ҷавони тоҷики 21-соларо бо ҷурми куштани ду духтар ба 19 соли зиндон маҳкум карда буд.

Моҳи сентябр зимни ирсоли парвандаи ин ҷавони зодаи Тоҷикистон ба додгоҳи вилояти Владимир, раёсати вилоятии Кумитаи тафтишот бархе ҷузъиёти ин парвандаро нашр карда буд. Гуфта мешуд, ки ба зидди  сокини 28-солаи ноҳияи Петушино бар асоси қисми дуюми моддаи 105-уми Кодекси ҷиноятии Русия (қатли ду нафар) айб эълон шудааст.
Бар асоси фарзияи тафтишот, шаби 21 ба 22 июни соли 2019, ҷавонзани 26-сола ва духтари 16-сола аз як маркази дилхушӣ дар шаҳри Покров берун омада, дар таваққуфгоҳи мошинҳо аз як ронандаи шиносашон (ҳамин сокини Петушино) хостаанд, ки онҳоро хона ба хона барад.
Аммо дар роҳ дар замини хусумати ногаҳон пайдошуда байни ронанда ва мусофиронаш муноқиша рӯй додааст ва ронанда ҳардуро ба як ҷои беодам бурдааст.
Дар онҷо ӯ аввал зани 26-соларо аз мошин берун бароварда, бо зону ба шикамаш зарба задааст. Вақте зан ба замин меафтад, мард ба гардани вай ноқилро андохта, то замони ҷон бохтанаш ӯро буғӣ мекунад.
Духтари ноболиғи 16-сола ин ҳама муддат дар даруни мошин баста буд ва гурехта наметавонист. Ронанда баъди куштани ҷавонзан ба сари ин духтар меояд ва ӯро низ бо роҳи буғӣ кардан ба ҳалокат расондааст.
“Баъди ин бо мақсади пинҳон кардани изи ҷинояташ, ронанда рафта, аз куҷое бел овардааст ва ҷасадҳои ҷавонзану духтарро дар ҳамон ҷои беодам зери хок карда, белро пинҳон кардааст ва мошинашро низ тоза шудааст,” – гуфта мешуд дар иттилоияи мақомоти тафтишотӣ.
Дар ҷараёни тафтишот ва мурофиаи парвандааш айбдоршаванд ба гуноҳи худ пурра иқрор шуда, изҳори пушаймонӣ кардааст. Ҳукми ӯ ҳанӯз ба иҷро надаромадааст.
Ҷавонзани 26-сола ду фарзанд дошт. Писари 8-солаи вай дар дасти падараш монд, духтарашро, ки ҳамагӣ як сол дошт, волидони зани марҳум ба тарбияи худ гирифтаанд.
Ёдовар мешавем, дар аввали моҳи сентябри соли ҷорӣ додгоҳи кишвари Хабаровски Русия як шаҳрванди 21-солаи Тоҷикистонро бо ҷурми куштори бераҳмонаи ду духтар ба 19 соли зиндони низомаш сангин маҳкум кард.
Бино ба фарзияи тафтишот, айбдоршаванда, ки дар яке аз қаҳвахонаҳои шаҳри Хабаровск ба сифати ошпаз кор мекард, соати сеи шаби 16 апрели соли 2019 бо ду духтари шиносаш ба соҳили яке аз шохобҳои дарёи Амур ба сайругашт рафтааст. Дар онҷо байни онҳо муноқиша рух медиҳад ва ҷавон як духтарро бо 26 зарбаи корд ва дуюмиро бо 7 зарбаи корд куштааст. Ҷавон дар ҷараёни тафтишот гуфтааст, ки духтарҳо мехостанд, ки вай онҳоро ба ягон тарабхона барад, вале ӯ мехост дар соҳил сайругашт кунанд ва дар ҳамин замина байнашон муноқиша рӯй дод. 
Баъди куштани духтарҳо ҷавон ба хобгоҳаш баргаштааст. Ҷасадҳои духтаронро субҳ як моҳигир пайдо карда, ба пулис хабар додааст. Шаҳрванди Тоҷикистонро бар асоси сабтҳои видеокамераҳои назоратӣ пайдо ва дастгир кардаанд.


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.