расонаи иттилии - Ориён » . » Муҳоҷир » БОЗ МАРГИ ЯК МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР БОЗДОШТГОҲИ НОВОСИБИРСК

. / Муҳоҷир

БОЗ МАРГИ ЯК МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР БОЗДОШТГОҲИ НОВОСИБИРСК

Як шаҳрванди 45-солаи Тоҷикистон рӯзи 16 декабр дар боздоштгоҳи муҳоҷирони шаҳри Новосибирск (Маркази нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ) вафот кардааст. Як манбаъ дар мақомоти ҳифзи  ҳуқуқи вилояти Новосибирск ба нашрияи «КП-Новосибирск» хабар додааст, ки ин муҳоҷири тоҷик дар аввали моҳи декабр аз маҳбаси №10 озод шуда буд ва тибқи қарори додгоҳ, мебоист аз қаламрави Русия ба ватанаш депортатсия (ихроҷ) мешуд. Тибқи қонунҳои имрӯзаи Русия, шаҳрвандони хориҷиро баъди адои ҳукмашон ва озодӣ аз зиндон ба кишварҳои зодгоҳашон ихроҷ мекунанд.
То замони ихроҷаш ин марди зодаи Тоҷикистонро дар боздоштгоҳи муҳоҷирони шаҳри Новосибирск ҷой кардаанд.
Ба гуфтаи манбаи «КП-Новосибирск», «вақти оварданаш ба марказ ӯ аз ҷониби корманди тибби муоина шуда буд ва кадом шикояте аз вазъи саломатиаш надошт. Вале баъди чанд рӯз (11 декабр) ӯ ба кормандони марказ аз дард дар ноҳияи қафаси синааш шикоят кард ва барояш «Ёрии таъҷилӣ»-ро даъват карданд.
Он дафъа ба табибон муяссар шудааст, ки ӯро табобат кунанд. Вале баъди 5 рӯз – 16 декабр – вазъи ин муҳоҷири тоҷик дубора бад шудааст ва ӯро ба ҳуҷраи тиббӣ интиқол додаанд. Вале ин дафъа ӯро натавонистаанд, ки аз марг наҷот диҳанд.
Тафсилоти дигари ин ҳодиса ва дақиқан аз чӣ фавтидани муҳоҷири тоҷик рӯшан нест. Манбаи «КП-Новосибирск» гуфтааст, ки пулис ин қазияро таҳқиқ мекунад.
Ҳар сол дар Русия ба иллатҳои мухталиф беш аз 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик мемиранд. Интизор меравад, ки имсол ин рақам ба сабаби пандемияи коронавирус боз ҳам биафзояд.

Мужчина скончался в спецприемнике для иностранцев в Новосибирске

45-летний мигрант ожидал депортации в Таджикистан

Иностранец в начале декабря освободился из исправительной колонии № 10 и по решению суда должен был покинуть Новосибирск. Очередь на депортацию мужчина ожидал в Центре временного содержания иностранных граждан ГУ МВД России по Новосибирской области.
— При поступлении в центр он был осмотрен медработником и никаких жалоб на состояние здоровья не высказывал, — сообщил КП-Новосибирск источник в правоохранительных органах региона. — Спустя несколько дней мужчина обратился к сотрудникам центра с жалобой на боли в области грудной клетки. Ему вызвали «скорую помощь».
Тогда все обошлось, но еще через пять дней, 16 декабря, мигранту из Таджикистана снова стало плохо, и его проводили в медицинский кабинет. Но на этот раз спасти 45-летнего мужчину врачи не смогли.
По факту смерти иностранца в МВД проводится проверка.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.