расонаи иттилии - Ориён » . » Муҳоҷир » Як пизишки 30-солаи тоҷик дар Русия ҷоизаи 1 миллионрублӣ гирифтааст

. / Муҳоҷир

Як пизишки 30-солаи тоҷик дар Русия ҷоизаи 1 миллионрублӣ гирифтааст

Ӯ дар яке аз бемористонҳои вилояти Маскав мудири шуъба аст.

Сурат: Бойгонии шахсии Ғафуров
Фурқат Ғафуров, як табиби тоҷик, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунад 4-уми декабр  барои корҳои хуби пизишкӣ дар Русия соҳиби як ҷоизаи вижаи табибони ин кишвар шуд. Ин ҷоизаро ба Фурқат Губернатори вилояти Маскав барои кори бомуваффақият дар замони ҳамагирии коронавирус эҳдо кардааст. 
Фурқат Ғафуров зодаи шаҳри Хуҷанд аст ва ҳамагӣ 30 сол дорад. Ӯ ҳоло  мудири шӯъбаи бемориҳои қалбу раги бемористони яке аз шаҳрҳои вилояти Маскав аст. Падари ӯ Собирҷон Ғафуров ҳам пизишки маъруф аст.
Ин пизишки тоҷик дар як маросими вижа ҷоизаи ба номи "Мо дар каноратон ҳастем "-ро, ки ба 180 пизишк тақдим шуд, гирифтааст, ки миёни онҳо ягона тоҷик буд. 
Фурқат хатмкардаи Донишгоҳи тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Синои Душанбе аст ва пас аз хатм ба Маскав барои таҳсили давраи ординатура дар маркази ҷарроҳии дилу рагҳои ба номи Бакулев меравад. Пас аз хатми таҳсил, ба далели доштани дониши шоиста академики маъруфи Русия Лео Бокерия аз ӯ мехоҳад, ки дар Русия бимонад ва таҳсилро дар аспирантура идома диҳад. 
Ҳоло ӯ мудири шӯъбаи бемориҳои қалбу раги бемористони марказии ноҳияи Игоревояи вилояти Маскав фаъолият дорад. 
Соли 2019 ӯ таҳти раҳбарии сарпизишки ҷарроҳии дили Русия, академик Лео Бокерия рисолаи номзадияро дифоъ кард ва номзади илми тиб шуд.
Фурқат бо устоди раҳнамояш Лео Бокериябойгонии шахсӣ
Ҳамсари Фурқат ҳам хатмкардаи Донишгоҳи тиббии Душанбе аст ва ҳоло бо ӯ дар Русия зиндагӣ мекунанд. Ӯ соли гузашта ба "Азия-Плюс" гуфта буд:
"Сарфи назар аз пешрафтҳои шахсӣ, ман орзу мекунам, ки битавонам ба ҷарроҳии дил дар кишварам ёрӣ расонам  ва дар рушди ин бахши душвори тиб дар Тоҷикистон саҳм гузорам. Ҳамватанони мо бояд дар кишвар, дар сатҳи муосиртарин ҷарроҳӣ бишаванд. Агар замоне битавонам барои ҷарроҳони худамон зарур шавам, омодаам дар ташаккулдиҳии мактаби ҷарроҳии дили тоҷик мустақиман ширкат кунам. Бо ин ки дур аз зодгоҳ қарор дорам, ман ҳам мисли бисёре аз ҳамватанон рӯйи он фикр мекунам, ки чӣ гуна мешавад маргу мири сокинони кишварро аз бемориҳои дилу рагҳо коҳиш дод. Ҳамеша бояд дар хотир дошт, ки тибби қудратманд оинаи як давлати неруманд ва рифоҳ аст".

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.