расонаи иттилии - Ориён » . » Муҳоҷир » Пешниҳоди гирифтани рухсатии академӣ ба донишҷӯёни хориҷии мактабҳои олии Русия

. / Муҳоҷир

Пешниҳоди гирифтани рухсатии академӣ ба донишҷӯёни хориҷии мактабҳои олии Русия

Ба ин васила онҳо пас аз барқарор шудани алоқаи доимии ҳавоӣ ба таҳсил баргашта метавонанд, вагарна хориҷ кардан лозим меояд.

Сурат: МК.ру
Сафорати Русия дар Тоҷикистон вазъи марбут ба донишҷӯёни тоҷикро, ки дар мактабҳои олии ин кишвар таҳсил карда, барои таҳсил бо сабабҳои маълум ба Русия рафта натавонистанд, шарҳ дод.
“Пеш аз ҳама, таваҷҷуҳатонро ба он ҷалб карданием, ки дар Русия вазъи душвори эпидемиологӣ боқӣ мемонад ва бар асари он, дар аксари мактабҳои олӣ, пеш аз ҳама воқеъ дар шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург дарсҳо бевосита дар бинои ин муассисаҳо қатъ шуда, эҳтимол меравад, ки дар дигар минтақаҳо низ чунин тадбирҳо андешида шавад”, - омадааст дар маълумоти сафорат.
Дар он инчунин ба гуфтаҳои вазири илм ва таҳсилоти олии Русия Валерий Фалков дар бораи омода набудани аксари мактабҳои олии Русия ба қабули донишҷӯён аз кишварҳои хориҷӣ барои таҳсил дар шакли маъмулӣ ишора мешавад.
“Изҳороти мазкур дар навбати аввал ба зарурати ҳифзи солимии донишҷён ва омӯзгорон асос ёфтааст. Вазорати маориф, Россторудничество ва муассисаҳои таълимоти олии Русия ба таҳсили минбаъдаи донишҷӯёни хориҷӣ дар кишвари мо манфиатдоранд”, - қайд мешавад дар он.
Бино ба маълумоти сафорат, Вазорати маорифи Русия оид ба ташкили самараноки таҳсили фосилавӣ тавсияҳо дода, инчунин ваъда дод, ки ҷойҳои буҷетӣ барои донишҷӯёни хориҷӣ, ки ба Русия рафта наметавонанд ва бо сабаби сифати начандон хуби алоқа душворӣ доранд, нигоҳ дошта мешавад.
“Дар ҳамин ҳол, дар бисёре аз мактабҳои олӣ муддати ду-се ҳафтаи наздик имтиҳонот (сессия)-и зимистона оғоз гмегардад, ки ба таҳсили минбаъдаи донишҷӯёни хориҷӣ бетаъсир буда наметавонад. Дар сурати насупоридани имтиҳоноти зимистона, донишҷӯён натанҳо ба супурдани ин қарз дар муҳлатҳои муқарраршуда, балки ҳамзамон азхуд кардани нақшаи таълимии ҷорӣ низ уҳдадор мешаванд. Агар донишҷӯ аз уҳдаи ҳалли ин вазифаҳо набарояд, мутаассифона, маъмурияти мактаби олӣ ба хориҷ кардани ӯ барои ғайриқаноатбахш будани давомот маҷбур мешавад”, - қайд мешавад дар хабар.
Дар он ҳамчунин таъкид мешавад, ки сарфи назар аз чунин ҳолат, муасисаҳои таҳсилоти олӣ ва донишҷӯён ҳамчун иштирокчиёни ҷараёни таълим ба риояи меъёрҳои қонунгузории Русия уҳдадоранд, ки дар он аз ҷумла аз рӯйи виҷдон ва софдилона азхуд кардани барномаи таълимӣ талаб карда мешавад.
Дар чунин шароити ғайримунтазира, ки иҷрои чунин талабот хеле душвор аст, раҳбарияти муассисаҳои таълимӣ ҳарчи 
бештар ба донишҷӯёни хориҷӣ пешниҳод мекунанд, ки рухсатии академӣ гиранд. Гирифтани рухсатии академӣ ихтиёрӣ ва бар асоси аризаи донишҷӯ дода мешавад.
Баромадан ба рухсатии академӣ як қатор афзалиятҳо дорад: байни донишҷӯ ва мактаби олӣ робита канда намешавад, донишҷӯён ба гузаштани аттестатсияи фосилавӣ (миёндаврӣ) уҳдадор намешаванд, имкони техникии азхудкунии давраи назариявии барномаи таълимӣ дар шакли фосилавӣ боқӣ мемонад, пас аз барқарор шудани алоқаи мунтазами ҳавоӣ байни Русия ва Тоҷикистон донишҷӯён дар ҳама гуна ҳолат ба азхудкунии маводи таълимӣ баргашта метавонанд.
Сафорат ба донишҷӯён, аспирант ва ординаторҳои мактабҳои олии Русия, ки дар Тоҷикистон қарор доранд, тавсия медиҳад, ки ҷиҳати баррасии вариантҳои ҳалли ин масъалаи душвор ба деканатҳои худ муроҷиат намоянд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.