расонаи иттилии - Ориён » . » Муҳоҷир » Беш аз 200 муҳоҷири дар марзи Қазоқистон бандмондаро ба Тоҷикистон оварданд

Муҳоҷир / Ҷаҳон

Беш аз 200 муҳоҷири дар марзи Қазоқистон бандмондаро ба Тоҷикистон оварданд

Созмони байналмилалии муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо ҳукумати Тоҷикистон ба бозгашти беш аз 200 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар марзи Қазоқистон бо Ӯзбекистон дармонда буданд, мусоидат намуданд
Тибқи иттилоияи расмии созмон, 200 шаҳрванди кишвар, ки дар гузаргоҳи марзии “Жибек Жоли” банд мондабуданд, субҳи имрӯз вориди кишвар шуданд.
Манбаъ қайд кардааст, ки ин ибтикорро ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ҳукуматҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистон ҳамоҳанг намуд ва онро намояндагиҳои СБМ дар ҳар се ҷумҳурӣ созмон доданд.
Ин амалиёти интиқол ба муҳоҷирони дармонда бо ёрии молии Подшоҳии Норвегия сурат гирифтааст.
Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон низ хабар медиҳад, ки беш аз 200 шаҳрванди кишвар тавассути автобусҳои мусофиркаш субҳи имрӯз ба Ватан фиристода шуданд.
Созмони байналмилалии муҳоҷират гуфтааст, дар замони басташавии марзҳо то ба ҳол дар баргардонидани 1800шаҳрванди Тоҷикистон аз марзи қазоқистон тавассути Ӯзбекистон мусоидат кардааст.
Бояд қайд кард, ки бемории фарогири КОВИД-19 ҳукуматҳоро водор намуд, то ҷиҳати пешгирӣ аз густариши вирус чораҳои зарурӣ андешанд. Ин чораҳо, ҳамчунин, аз маҳдудиятҳои сафар ва ҳаракат ҳам иборат буданд, ки ба ҳама таъсир расониданд, ва баъзе аз ин чораҳо вазъи осебпазири муҳоҷиронро мушкилтар гардонида, дар натиҷа, боиси бандмонии шумораи зиёди муҳоҷирон гардиданд.
Дар ҳамин ҳол, Оҷонси СММ доир ба муҳоҷират аз меъёрҳои пешгирӣ аз густариши КОВИД-19 истиқбол мекунад ва ҳамзамон, ба эҳтироми ҳаққи муҳоҷирон ва аҳли хонадони онҳо барои бозгашт таъкид менамояд. СБМ ва ЮНИСЕФ аз ҳамаи ҷонибҳои дахлдор дар кишварҳои мизбон, интиқол, ва ватани муҳоҷирон даъват намудааст, то роҳҳои бозгардонии муҳоҷирони дармонда, аз ҷумла кӯдаконро бо назардошти риояи меъёрҳои ҳимояи саломатии ҷомеа ҷӯё шаванд.

Read more: https://sputnik-tj.com/migration/20200816/1031742911/Besh-az-200-muhojiri-dar-marzi-qazoiston-bandmondaro-ba-Tojikiston-ovardand.html

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.