расонаи иттилии - Ориён » . » Муҳоҷир » ДУХТАРИ ТОҶИК ФОТИМА КАЛАДОРОВА ЗЕБОТАРИН МУҲОҶИРДУХТАРИ РУСИЯ ЭЪЛОН ШУД

. / Муҳоҷир

ДУХТАРИ ТОҶИК ФОТИМА КАЛАДОРОВА ЗЕБОТАРИН МУҲОҶИРДУХТАРИ РУСИЯ ЭЪЛОН ШУД

Рӯзи 12 ноябр дар Русия як озмуни зебоии ғайриоддиро ҷамъбаст карданд. Дар ин сабқати ташкилкардаи Федератсияи муҳоҷирони Русия аз байни беш аз 200 довталаб аз миёни зодагони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Украина, Афғонистон ва кишварҳои дигар муҳоҷирдухтари аз ҳама зебои Русияро интихоб карданд.
Марҳалаҳои аввали озмун тавассути Интернет доир шуд, вале даври ниҳоияш бо ширкати 12 довталаб ба сурати ҳузурӣ баргузор карда шуд. Бар асоси қарори ҳакамон, мақоми аввали муҳоҷирдухтари аз ҳама зебои Русияро намояндаи Тоҷикистон Фотима Каладорова, ки дар шаҳри Екатеринбург зиндагӣ мекунад, ба даст овард. Ҷоизаи муҳаббати тамошобинон ба муҳоҷирдухтари қирғиз Камила Полотбекова дода шуд.

Фотима Каладорова дар Русия дар хонаводаи муҳоҷирон аз Тоҷикистон ба дунё омадааст.

 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.