Боздошти як тоҷик дар Сочи бо 9,5 кило героин
Қаблан Рӯзиматов ба сифати шоҳид дар парвандаи собиқ подполконвики ХФА-и Русия иштирок дошт.
Сурат: ВКД РусияЗодаи Тоҷикистон Лутфиддин Рӯзиматов, дар доираҳои муайян маъруф бо лақаби “Лёня Таджик” ба нияти фурӯши маводи нашъаовар ба миқдори ниҳоят зиёд гумонбар дониста мешавад.
Ба иттилои манбаи портали "Волга Ньюс", зимни боздошти Рӯзиматови 57-сола дар хонааш воқеъ дар ноҳияи Хостин 7 баста ва 5 контейнер бо зиёда аз 9,5 кило героин, инчунин ҳудуди 1,5 кило маводи растанӣ ва синтетикӣ дарёфт ва ба ташхис фиристода шудааст.
Ҳамчунин ҳангоми кофтуков таҷҳизоту мавод барои ҷобаҷо ва ба фурӯш тайёр кардани маводи нашъаовар ва пул дарёфт шудааст.
Маълумоти манбаъро иттилои ВКД Русия тасдиқ карда, маълумот дар бораи боздоштшуда ифшо намешавад, лекин ҳолатҳои ҳодиса ба ҳам мувофиқ аст.
Муайян карда шуд, ки Молчанов бо гирифтани мукофотпулӣ дар ҳаҷми 6 млн рубл ба Рӯзиматов ваъда додааст, ки ба ҳалли масъалааш бо пулис (он замон ӯ дар Самара тиҷорат дошт) кумак мекунад.
Рӯзиматов гӯё ба интиқоли автомобилҳо байни Русия ва Тоҷикистон машғул будааст. Вақте ки мавриди таваҷҷуҳи пулис қарор мегирад, аз кумаки Молчанов истифода бурда, ба ӯ саховатмандона мукофотпулӣ додааст.
Робита ба Рӯзиматов яке аз тобеъони Молчанов - собиқ майор Роман Самохинро паси панҷара бурда, барои қаллобӣ дар ҳаҷми зиёд ба 2,5 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум шуд. Тибқи фарзияи тафтишот ва суд, Самохин 1 млн рубл - нисфи мукофотпулии ғайриқонуниро дуздидааст, ки Рӯзиматов ба Александр Молчанов дода буд.
Александр Молчанов ва Роман Самохин аллакай шартан пеш аз муҳлат аз зиндон озод карда шудаанд.
Қобили зикр аст, ки нашъаҷаллоби эҳтимолӣ пас аз дар Болшая Глушитсаи шаҳри Маскав аз ҷониби кормандони пулис мусодира шудани миқдори зиёди героин бо вазни қариб аз Рӯзиматов дарёфтгардида боздошт шуд.