расонаи иттилии - Ориён » . » Муҳоҷир » “Гуфтушунид дорем”. Чаро ба парвози чартерӣ аз Маскав ба Душанбе иҷоза нашуд?

. / Муҳоҷир

“Гуфтушунид дорем”. Чаро ба парвози чартерӣ аз Маскав ба Душанбе иҷоза нашуд?

Зиёда аз 200 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон билетҳо дар даст ба ватан парвоз карда натавонистанд.

Сурат: fssp.gov.ru
Шаби 31 октябр ба 1 ноябр зиёда аз 200 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон билетҳо дар даст ба ватан парвоз карда натавонистанд, зеро дар лаҳзаи охир парвоз бо ин хатсайр бекор шуд.
Ҳукумати Русия ба парвози ду ҳавопаймои Somon Air ба Маскав ҷиҳати ба ватан овардани шаҳрвандони Тоҷикистон бо хатсайрҳои чартерӣ иҷоза надод.
Ба гуфтаи муҳоҷирон, онҳо бо душворӣ билетҳоро барои парвози чартерӣ дастрас намуда, лекин он бо сабабҳои номаълум бекор карда шуд.
“Мо дар сафорат сабтином ва навбатро интизор шудем ва дар ниҳояти кор билет дастрас кардем, лекин парвозро бекор намуда, боз дар Маскав мондем. Сабабашро ба мон шарҳ надоданд, умедворем, ки ба ҳар ҳол, парвоз иҷро хоҳад шуд ва мо ба ватан бармегардем”, - гуфт яке аз мусофирон бо номи Бахтовар.

Чанде аз мусофирон тахмин мезананд, ки парвозҳо шояд бо сабаби афзоиши ҳолатҳои сироятёбӣ аз коронавирус бекор шуда бошанд.
Дар сафорати Тоҷикистон дар Русия изҳор доштанд, ки аз сабабҳои бекор шудани парвозҳо аз Маскав огаҳӣ надоранд.
“Мо сабабҳояшро намедонем, танҳо рӯйхати мусофиронро тартиб медиҳем. Ҳамин рӯз ду парвоз аз Санкт-Петербург ва Краснодар анҷом дода шуд. Ба корҳои парвозу мувофиқаи хатсайрҳои чартерӣ Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ва Росавиатсия машғул аст, лекин то ҷое, ки мо огаҳӣ дорем, ҷадвали парвозҳо тариқи хатсайрҳои чартериро барои моҳи ноябр ҷонибҳо то ҳол тасдиқ накардаанд”, - хабар доданд дар сафорат.
Дар навбати худ дар “Сомон Эйр” қайд карданд, ки “агар иҷоза шавад, ба иҷрои парвозҳо дар ин самт омодаанд”.
Ба саволи “Чаро ширкати ҳавопаймоӣ ба хатсайри мавҷуднабуда билет фурӯхтааст?”, чунин посух дода шуд: “Билетҳо пешакӣ мувофиқи рӯйхати аз ҷониби сафорат пешниҳодгардида фурӯхта шуд”.
Аз ин бармеояд, ки онҳо дақиқ намедонистанд, ки парвоз бо ин хатсайр иҷро мешавад ё не ва билетҳо танҳо бар асоси мавҷуд будани харидорон фурӯхта шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, дар ширкати ҳавопаймоӣ зикр карданд, ки шахсоне, ки бо хатсайри рӯзи 1 ноябр парвоз карда натавонистанд, бо дигар хатсайрҳо ба ватан баргашта метавонанд ё пули билеташон пурра баргардонида мешавад.
Дар Росавиатсия аз шарҳи масъала худдорӣ варзиданд.
“Мо иҷрои парвозҳои байнулмилалиро шарҳ намедиҳем, инро дар ширкати ҳавопаймоӣ дақиқ кунед. Агар мақомоти авиатсионии Русия ба парвозҳо иҷоза надода бошанд, пас барои ин сабаб ҳаст”, - хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти Росавиатсия.

Шартҳои махсус ҳастанд?

Дар ҳамин ҳол Радиои Озодӣ ба такя ба як манбаъ дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар медиҳад, ки шарти ҷониби Русия барои идомаи парвозҳо ин будааст, ки бояд бештар ширкатҳои русӣ муҳоҷиронро ба ватан баранд.
“Ширкатҳои Тоҷикистон дар ҳолати бисёр бад қарор доранд. Онҳо шарт гузоштанд, ки аз 50% бештар ширкатҳои русӣ ба Тоҷикистон парвоз кунанд. Ин аз чанд ҷиҳат барои Тоҷикистон хуб нест ”, - гуфтааст ҳамсӯҳбати онҳо.
Манбаъ ҳамчунин зикр кардааст, ки барои парвозҳои чартерӣ бо Русия музокира ҷараён дошт, вале дар охирин лаҳза натавонистанд ба мувофиқа расанд ва касе интизор надошт, ки Русия чунин тасмим мегирад.
Дар Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” ин маълумотро тасдиқ ҳам накарданду инкор низ ва танҳо зикр карданд, ки дар хусуси ин масъала гуфтушунид ҷараён дорад.
“Айни замон гуфтушунид ҷараён дошта, ҳамаи паҳлӯҳои масъаларо дақиқ карда истодаем. Ҷадвали парвозҳо барои моҳи ноябр тасдиқ мешавад. Умедворем, ки рӯзҳои наздик ба мувофиқа мерасем ва ҳамааш хуб мешавад. Барқарор шудани парвозҳои мунтазам ҳоло маълум нест”, - гуфтанд дар агентӣ.
Қобили зикр аст, ки парвозҳои мунтазам байни Тоҷикистону Русия аз 20 март бар асари пандемияи коронавирус қатъ шуда буданд. Тибқи маълумоти мақомоти Тоҷикистон, дар давраи аз моҳи апрел то октябр ҳудуди 70 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ тариқи хатсайрҳои чартерӣ ба ватан баргардонида шуданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.