расонаи иттилии - Ориён » . » Муҳоҷир » Дар Ӯзбекистон ба муҳоҷирон барои роҳпулӣ ва патент қарзи имтиёзнок медиҳанд

Муҳоҷир / Ҷаҳон

Дар Ӯзбекистон ба муҳоҷирон барои роҳпулӣ ва патент қарзи имтиёзнок медиҳанд



Мақомоти Ӯзбекистон нақша доранд, ки ба муҳоҷирони меҳнатӣ барои пардохти хароҷоти сафар ба ҷои кор, инчунин патент ва суғурта, то як ҳазор доллар ҷудо кунанд

"Муҳоҷирони меҳнатии Ӯзбекистон барои пардохти маблағи рафтан ба ҷои кор ва инчунин патент ва суғурта то $ 1000 қарз мегиранд", - иттилоъ додааст хадамоти матбуоти президент, Шавкат Мирзиёев.

Тибқи иттилои хадамоти матбуотӣ, Мирзиёев рӯзи 17 август конфронси видеоӣ бахшида ба фароҳам овардани шароити мусоид барои ӯзбекони бурунмарзӣ, ки дар хориҷа кор мекунанд, баргузор намудааст.

"Бояд қайд кард, ки дар таърихи Ӯзбекистон ин масъала бори аввал дар чунин формат муҳокима карда шуд", - омадааст дар паёми анҷоми мулоқот.

"Ба масъулин дастур дода шуд, ки ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҳаҷми то 10 миллион сӯм (тақрибан 1000 доллар) қарзҳои камфоиз барои хароҷоти сафар, хароҷоти вобаста ба гирифтани патент ва суғурта ҷудо карда шаванд", - омадааст дар иттилоия.

Ғайр аз он, гуфтушунид бо корфармоёни кало
Мирзиёев инчунин ба ҳукумат дастур дод, ки барномаи алоҳидаи муҳоҷирати меҳнатии муташаккилро таҳия кунад. Барнома мавзӯъҳои таълими касбӣ ва забон, ташаккули малакаҳои кор дар хориҷа, хароҷоти сафар, гирифтани патент, суғурта, нафақа ва қарзҳоро дар бар мегирад.

Барнома чораҳои фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамватанон тавассути комиссияҳои байниҳукуматӣ ва механизмҳои қарздиҳии онҳо тавассути бонкҳои хориҷиро муайян хоҳад кард.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.