расонаи иттилии - Ориён » . » Муҳоҷир » ВАҚТЕ ПАДАР ДАР РУСИЯ АСТ... АКСЕ БО МАЪНОИ ЯК КИТОБ

. / Муҳоҷир

ВАҚТЕ ПАДАР ДАР РУСИЯ АСТ... АКСЕ БО МАЪНОИ ЯК КИТОБ

Журналисти тоҷик Азиз Каримов акси 10 сол пеш бардошти аксбардори шинохта Мунаввар Мунавварзодро нашр кардааст, ки дар он се кӯдаки чашм ба роҳи падари муҳоҷирашон дар канори роҳи як деҳа тасвир шудаанд. "Вақте падар дар Русия аст..." Аксе бо маънои як китоб”, - навиштааст Азиз Каримов дар зери ин акс. Бисёриҳо ин акси мунҳасир ба фардро "тасвири ҳоли тамоми Тоҷикистон дар як акс” номидаанд. Журналисти дигари тоҷик Завқибек Саидаминӣ навиштааст, ки ин аксро дар деҳи онҳо гирифтаанд ва яке аз кӯдакон алакай ба воя расида ва ҳамроҳи падараш ба муҳоҷират рафтааст... Мутаассифона, муҳоҷират барои аксари хонаводаҳо ягона "сарват”-е шудааст, ки аз падар ба писар ва дар баъзе оилаҳо алакай ба набераҳо мерос мемонад. Воқеияте, ки ба таъбири Ҷонӣ Сафарзода, яке аз муҳоҷирони "ветеран”, "дилҳоро реш мекунад...”
"Вақте падар дар Русия аст..."
Аксе бо маънои як китоб. Аксбардор Мунаввар Мунавварзод.
Аз майдони шарҳҳои зери ин матлаб:
·
Ҷигарҳо кабоб...
Умеду ҳавасҳои кӯдакона...
Чашмҳои маъюсу интизор...
Ҳарфе барои гуфтан...ба зеҳнам наомад...
Дида ман инро ҷигарам пора шуд
Ашк равон аз бари рухсора шуд
Устод Турсунзода
Падари ки дар гурбат нест???..кудакони нисфи чахон сархаму чашм ба рох..
Гарчанде як акс ҳаст аммо ҳазор маъно дорад ин ака.
Дидани ин манзара қалбро пора мекунад.
Чунин манзараҳо ба андозае зиёд шудаанд ки дигар мардум одад кардаанд.
Дар умум барояшон як чизи оддист.
Аммо агар бо ақли солим назар куни дигар ҳарфе барои гуфтан гирди забонат намепечат!
Агар шоир шудӣ, аҳволи қавми дарбадарро гӯ,
Ҳадиси тифлакони ташна бар меҳри падарро гӯ.
Агар шоир шудӣ, ранги қаламро чун фалон шоир,
Макун сарфи ситоиш, аз ҳақиқат то ба шарро гӯ.
Агар шоир шудӣ, оинаи поки халоиқ бош,
Башар олудаи дарду ғам аст, дарди башарро гӯ.
Чӣ айёме, пайи як бурдаи нон дарбадар ҳастем,
Агар шоир шудӣ, аҳволи қавми дарбадарро гӯ.
Акаи Азиз, деҳаи ман аст! Ҳоло яке аз ин кӯдакҳо ҳамроҳи падар дар муҳоҷират аст! Акси ягон 10 соли пеш аст ба фикрам....Он муйафед, бобоин ин кӯдакон бобои Абухолиқ ном дораду ҳоло дар қайди ҳаёт нест, Аллоҳ раҳмату шоистаи Ҷаннаташ намояд, Омин  
Дилҳо реш реш мешаванд((.
Расме,ки тамоми гушаи Тоҷикистонро муарифи мекунад.
Сад афсус....
Тоҷикистон дар як тасвир

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.